fbpx

“Мероси падар хоҳӣ…”. Чӣ тавр Вайс Асоев идомадиҳандаи касби падараш, рассом Ҷонибек Асозода шуд

Ӯ ба таҳия намудани лоиҳаҳо, омӯзиши навгониҳои соҳаи мӯд, ороиши дохили хонаҳои истиқоматию маъмурӣ ва офаридани асарҳои рассомӣ машғул аст.


0

Вайс Асоев рассом ва тарроҳи боистеъдод аст. Ӯ чанд соли охир танҳо ба тарроҳӣ машғул буд ва дар давраи пандемия ва карантини сартосарӣ, боз ба рассомӣ рӯй овард. Ҳоло қаҳрамони мо бо дастмузди ҳунари тарроҳиву рассомиаш зиндагии худро пеш мебарад.

Вайс Асоеви 36-сола дар деҳаи Рамазон Файзови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дар оилаи рассоми варзидаи тоҷик Ҷонибек Асозода ба дунё омадааст. Соли 2004, пас аз хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе омада, ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов месупорад, то идомадиҳандаи касби падар бошад. Ӯ узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон буда оиладор ва соҳиби як духтарча мебошад.

“Ҳеҷ кас маро маҷбур накардааст, ки рассом шавам”

Вайс мегӯяд, ҳеҷ кадоме аз аъзои хонаводааш ӯро маҷбур накарда буданд, ки маҳз рассом шавад. Меҳри ин касб аз хурдӣ дар дили ӯ маъво гирифта буд ва ҳар гоҳ, ки падараш ба расмкашӣ шурӯъ мекард, Вайс низ дар паҳлӯи падар нишаста, ба кори ӯ диққат медод ва барои худ асарҳои кӯдакона эҷод мекард.

“Ёдам ҳаст, ки ҳанӯз ба мактаб намерафтам ва падарам ба хона даста-даста маҷаллаву китобҳо ва асарҳои дигар рассомонро меоварданд. Ман онҳоро бодиққат тамошо карда, илҳом мегирифтам. Он солҳо дар деҳот қувваи барқро ҳамагӣ якчанд соат медоданду боз хомӯш мекарданд. Агар мардум дар вақтҳои бебарқӣ китоб хонда худашонро андармон мекарданд, ман ҳатман ба расмкашӣ машғул мешудам”,-ба ёд меорад Вайс.

Қаҳрамони мо ду бародару ду хоҳари дигар низ дорад ва дар хонаводаи Асоевҳо танҳо Вайс касби падарро интихоб кардааст.

“Дар оилаи мо қариб ҳама ба санъати рассомӣ ҳавас доштанд. Ёдам ҳаст, ки ҳанӯз хонандаи синфҳои ибтидоӣ будам ва ҳамроҳи апаи калониам тарҳи либосҳоро кашида, орзу мекардем, ки дар оянда хонаи мӯди худро боз карда, коллексияи либосҳоямонро ба намоиш мегузорем. Аммо баъдан ҳама роҳҳои худро дигар карданд”,-ба хотир меорад Вайс.

Рассомӣ ягона шуғли дӯстдоштаи қаҳрамони мо набуд. Ӯ ғайр аз он ки навкорона расмкашӣ мекард, ба мӯд ва тарроҳии либос низ шавқу ҳавас дошт. Ҳаёти тарроҳон ва асрори кору зиндагии онҳо барояш ҷолиб буд.

“Дар ҳамон чанд соати муайяне, ки мардуми деҳот ба қувваи барқ дастрасӣ доштанд, телевизионро монда, аз ҳаёти тарроҳон ягон барнома тамошо мекардам ва бо кори дасти онҳо ошноӣ пайдо менамудам. Намунаҳое, ки ман он солҳо тасвир карда будам, то кунун нигаҳдорӣ мешаванд”, – мегӯяд Вайс.

“Тарҷумони президент”

Дар баробари рассомиву тарроҳӣ, Вайс омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хусусан, забони англисиро дӯст медошт. Ӯ мехост, ки мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишкадаи забонҳо ҳуҷҷат супорад ва тарҷумон шавад.

“Мехостам, ки ба Донишкадаи забонҳо дохил шуда, забони англисиро омӯзаму тарҷумон шавам, вале вазъи иқтисодии оилаамон имкон надод, ки ин орзуи худро ҷомаи амал пӯшонам. Замоне, ки дар синфи 4-5 мехондам, мудом ба падару модарам мегуфтам, ки забони англисиро ёд гирифта, тарҷумони президент мешавам”,-бо табассум ба ёд меорад Вайс.

Барои дохил шудан ба Донишкадаи забонҳо маблағи калон лозим меомад, вале барои дохил шудан ба Коллеҷи рассомӣ ҳамагӣ як имтиҳон. Вайс имтиҳони дохилшавиро бомуваффақият супориду донишҷӯи шӯъбаи рассомӣ-омӯзгории Коллеҷи рассомӣ шуд. Ӯ рассоми шинохта ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Раҳим Сафаровро дар ҷодаи рассомӣ устоди худ медонад.

Мушкилоти даврони донишҷӯйӣ

Вайс давоми чор соли таҳсил дар Коллеҷи рассомӣ азобҳои зиёд кашидааст. Дурӣ аз хонавода, муҳити ноошнои шаҳр, камбудиҳои баъдиҷангӣ, кам будани идрорпулӣ аз ҷумлаи мушкилиҳое буданд, ки қаҳрамони мо дар ҳаёти донишҷӯиаш рӯ ба рӯ шудааст.

“Солҳои баъд аз ҷанг, ки буд, мушкилиҳо низ зиёд буданд. Идрорпулиамонро ҳар се моҳ медоданд, вале он ҳатто ба як моҳ намерасид. Аз хона каму беш кӯмак мекарданд, вале вазъи иқтисодии онҳо низ он қадар хуб набуд. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда коллеҷро бо муваффақият хатм кардам”,-мегӯяд Вайс.

Вайс, ки аз хурдӣ бачаи беқарору коргар буд, ба мушкилиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, кӯшиш мекард, ки худаш ба пояш рост истад. Пас аз хатми курси якуми коллеҷ, ба муҳити шаҳр одат намуд. Акнун барои ӯ коре лозим буд, ки каму беш даромад ба даст орад ва аз вартаи нодориву бечорагӣ ва азобу уқубат берун ояд.

Ба қабули мизоҷон шурӯъ кард ва бахшида ба ҳар иду ҷашнҳо расм кашида, бар ивазаш даромад мегирифт. Замони дар курси дуюм хонданаш ба Театри лӯхтак ба кор даромада, ёрдамчии рассом шуда, кор кард. Маоши театр он қадар зиёд набуд, аммо барои як донишҷӯ кифоягӣ мекард.

“Барои таҳсил дар хориҷа ҳуҷҷатҳоямро қабул намекарданд…”

Чор соли таҳсил дар коллеҷ ба охир расид ва қаҳрамони мо новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, коллеҷро бо дипломи сурх хатм кард. Вайс мехост, ки баъди хатми коллеҷ таҳсилашро дар ягон давлати хориҷа идома диҳад.

“Барои таҳсил дар Амрико, Русия ва Эрон ҳуҷҷат супоридам, қабул накарданд. Сабабашро худам ҳам намедонам. Баъд ба устодам Раҳим Сафаров занг задам. Он кас дилшикаставу рӯҳафтода буданамро ҳис карда, маро ба наздашон даъват карданд ва маслиҳат доданд, ки барои таҳсил дар Қазоқистон ҳуҷҷат супорам”, – нақл мекунад Вайс.

Вайс бо маслиҳати устодаш, пас аз давутози зиёд барои таҳсил дар Қазоқистон ҳуҷҷатҳояшро супорид, аммо бахт ба рӯяш нахандид. Аз чӣ буд, ки ҳуҷҷатҳояшро қабул намекарданд ва ӯ дар ба дари вазорату идораҳо мегашт.

“Аз Вазорати фарҳанг ба Вазорати маориф равон мекарданду аз Вазорати маориф ба Вазорати фарҳанг. Кушоду равшан сабаби қабул накарданашонро намегуфтанд.

Рӯзе ба қабули вазири маориф рафтам ва вазир, шояд маро ба касе монанд кард, ки навбати ҳамаро бекор карда, маро қабул кард. Ҳатто вақте посбонҳо кӣ будани маро пурсиданду худро муаррифӣ кардам, онҳо бо эҳтиром аз ҷояшон хестанд. Хулоса, вазир ҳуҷҷатҳоямро қабул кард”,-бо шавқ ба хотир меорад Вайс.

Вайс як соли аввал ба курси тайёрӣ фаро гирифта шуд ва соли дуюм ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи меъмории Академияи сохтмонӣ ва меъмории Қазоқистон дар шаҳри Алмаато супорид.

Дунёи меъморӣ ва олами мӯд

Замони дар Алмато таҳсил кардани Вайс, ҷавони дигаре аз шаҳри Душанбе ҳамроҳаш таҳсил мекард. Падари он ҷавон меъмор буда, дар Душанбе корхона ҳам доштааст ва доим ба Вайс мо пас аз хатми донишгоҳ ҳамроҳ кор мекунем мегуфтааст.

“Ӯ фақат мегуфт, ки баъди анҷоми таҳсил якҷоя кор мекунем, вале ман ҳарфҳояшро шӯхӣ гумон мекардам. Соли 2014, вақте ба Душанбе баргаштем, пас аз 10 рӯз дӯстам занг зад, ки бояд ба назди падараш биравам. Пас аз вохӯрӣ маро ба кор қабул карданд”.

Вайс ду сол дар ширкати сохтмонии “Тоҷиккоммунпроект” ба ҳайси меъмор кор кардааст. Бинобар кам будани музди меҳнаташ маҷбур шуд, ки кори иловагӣ ҷустуҷӯ кунад.

Ӯ дар шаҳри Душанбе бо тарроҳи шинохтаи тоҷик Умед Кучкалиев шинос мешавад. Аз субҳ то шом дар ширкати меъмории “Тоҷиккоммунпроект” кор мекард ва баъди шом ба назди Кучкалиев рафта, ба корҳои ӯ ёрӣ медод.

“Он кас чӣ хостанашонро мегуфтанд, ман омода мекардам. Масалан, нақшу нигор мекашидам, либосҳоро тарроҳӣ мекардам ва ба ҳамин монанд корҳоро иҷро менамудам. То ҳол бо Умед Кучкалиев ҳамкорӣ дорам”, – нақл мекунад Вайс.

Афсӯси таҳсил дар Коллеҷи рассомӣ

Вайс коллеҷи рассомиро хатм карда бошад ҳам, баъди хатми он то аввалҳои соли гузашта ба рассмомӣ машғул набуд. Рассомӣ мекард, аммо ин танҳо бо мӯд алоқаманд буд. Ӯ баъзан афсӯс мехӯрд, ки беҳуда чор сол дар коллеҷи рассомӣ таҳсил кардааст. Маҳз дар замони пандемия қаҳрамони мо ба рассомӣ аз нав рӯй овард.

“Вақте ки дар кишвар карантин эълон карданд, ман ба зодгоҳам баргаштам. Барои бисёриҳо, аз ҷумла барои ман низ соли 2020 соли вазнин буд, аммо маро водор кард, ки ба рассомӣ рӯй орам. Зиёда аз як моҳ ба берун набаромада, фақат расм кашидам ва 10 асар эҷод намудам”,-нақл мекунад Вайс.

Бино ба ин қисми зиёди асарҳои қаҳрамони мо ба мавзӯи COVID-19 ва кӯдакон бахшида шуда буданд.

Ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдакон тавассути рассомӣ

Вайс худро фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мешуморад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки тариқи асарҳои офаридааш ҳуқуқи занону кӯдаконро ҳимоя карда, аз мушкилиҳои ҷомеаи муосир дигаронро огоҳ созад.

Вайсро Лолисанам Улуғова, коргардон ва фарҳангшинос ба ҳайси куратор чанд муддат аст, ки ҳамроҳӣ мекунад. Ҳоло ӯ таҳти роҳбарии куратораш ба офаридани асарҳо аз рӯи китоби файласуфи олмонӣ Фридрих Нитше (1844-1900) “Чунин гуфт Заратустра” (“Так говорил Заратустра”) машғул аст.

“Эҷоди 15 асарро ба нақша гирифтаам ва ҳамаашон дар мавзӯи дар боло зикршуда офарида хоҳанд шуд. Асосан, ин идеяи кураторам буд ва дар якҷоягӣ амалӣ карда истодаем”. Намоиши ин силсилаасарҳо ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар Олмон, ки ватани Фридрих Нитше мебошад, ба нақша гирифта шудааст.

Вайс феълан ба таври расмӣ дар ягон ҷо кор намекунад. Ӯ ба таҳия намудани лоиҳаҳо, омӯзиши навгониҳои соҳаи мӯд, ороиши дохили хонаҳои истиқоматию маъмурӣ ва офаридани асарҳои рассомӣ машғул аст. Ҳамчун тарроҳ рӯи нахустин коллексия либосҳои худ кор карда истодааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend