Фаррух (хост насабаш махфӣ бошад) дар блоги худ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram мемҳои ҷолиб месозад. Мем – як навъи инъикоси мавзӯҳои мубрам ба таври ҳаҷву танз аст, ки асосан бо матни фишурда ва тасвиру навори мувофиқ ифода карда мешавад.
Фаррух ҳам бо ҳамин тарз мушкилиҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро дар блоги худ “Mr.memtj” пешниҳод менамояд. Ӯро аллакай даҳҳо нафар пайгирӣ менамоянд. Муаллифи Your.tj нақл кард, ки Фаррух чӣ тавр идеяҳои ҷолибро пайдо мекунад.
Василаи фароғат ва инъикосгари мавзӯъҳои муҳим
Ӯ ин шуғли аҷибро замоне пайдо кард, ки донишҷӯ буд. Ҳоло барояш василаи фароғат шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ва Instagram саҳифа фаъол карда, бо офаридани мемҳое, ки дар худ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти моро фарогиранд ва паҳн карданаш дар фазои маҷозӣ осон аст, машғул гардид.
Фаррух аз рӯйи касби асоссии худ дар яке аз бонкҳои маъруфи кишвар кор мекунад. Ҳамзамон, барои офаридани мемҳое, ки ба мавзӯҳои рӯзмарра оид аст, вақт меёбад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Mr.memtj” чӣ тавр пайдо шуд?
Қаҳрамони мо ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Дар гурӯҳҳои фейсбукии “Ҷавонони Суғд – Молодёжь Согда – Youth of Sugd” ва «Ман Хуҷандро дӯст медорам – Я люблю Худжанд» яке аз маъмурон буд.
Ҳар рӯз матлабҳои корбаронро мехонд. Шарҳҳоро, ки одамони гуногунхислат менавиштанд, аз назар мегузаронд. Хондани шарҳҳо барояш писанд буд, зеро дар он сухани рост, ҳаҷвомез, омӯзанда ва аксар вақт қабеҳ, яъне гуногунандеширо вомехӯрд. Шарҳҳои аз доираи одоби муошират берунро пок мекард.
“Ғояи таъсиси блоги “Mr.memtj” низ аз хондани шарҳҳои одамони зарофатгӯ пайдо шуд. Ман ҳам дар матлабҳо (пост) – и аҷоиб ва сертаваҷҷуҳ ба тариқи ҳаҷв шарҳ менавиштам. Пасон, аксҳои ба мавзӯи матлаб наздикро ёфта, дар рӯи он ягон ибора ё ҷумлае, ки оҳанги ҳазлу шӯхӣ дорад, навишта дар ҷои шарҳ мегузоштам. Ҳамин тариқ, чанде аз дӯстони наздик ангеза доданд, ки як блог таъсис диҳам. Қарор додам, ки саҳифа мекушоям.
Таърихи 1 – уми августи соли 2018 дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram баробар саҳифа фаъол карда, мемҳое, ки ба дилхоҳ масъала тариқи ҳаҷву шӯхӣ назар мекунад, таҳия карданро оғоз намудам. Мекӯшидам, ки вақтам ба дарсҳои донишгоҳ расаду ҳам ба кори мемсозӣ”, – гуфт Фаррух.
“Гап соҳибашро меёбад”. Чаро одамон рафтори худро дар мемҳо мебинанд
Мемҳое, ки дар блоги “Mr.memtj” нашр мешуд, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ зуд паҳн мегардид. Бахусус, вақте муаллиф маҳсули сохтаашро дар гурӯҳҳои фейсбукии сокинони шаҳри Самарқанд мебинад, хеле хурсанд мешавад, ки мемҳояш лоиқи таваҷҷуҳи доираи васеъ шудааст.
Аз он ки дигарон “логотип” – и блогашро пӯшонида, мемҳояшро дар саҳифаҳои худ мегузоранд, хафа намешуд. Барояш таваҷҷуҳ ва лоиқи паҳн донистани корбарон муҳим буд. Вай дар вақти хурӯҷи пандемияи короновирус хеле фаъол шуд. Пайиҳам мемҳо нашр мекард.
Вале соли 2021 он қадар фаъол набуд. Дар арафаи хатми донишгоҳ серташвиш шуд. Баъди хатм дарҳол аз рӯи ихтисос дар як бонк ҷойи кор ёфт. Аз нав аз моҳи октябри соли сипаришуда фаъол шуд. Айни фориғ аз кор шуданаш бо сохтани мемҳо машғул мешавад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Пеш аз он ки “Mr.memtj” – ро фаъол кардам, дар Хуҷанд саҳифае бо номи “Чоя рез” машҳур буд. Хостам, ки дар блог маҳз мемҳо нашр шавад. Медонистам, ки агар мавзӯи мемҳо оид ба масъалаҳои муносибати ҷавонписарону ҷавондухтарон, оиладорӣ ва нарху навои бозор, роҳкиро бошад, аз ҷониби корбарон хеле хуб қабул машавад. Дӯстони наздикам низ идея барои мавзӯҳои нав пешниҳод мекарданд.
Имрӯз низ аз муҳити дӯстони наздик мавзӯъ меёбам. Баъзе кирдору гуфтори дӯстон мавзӯи мем мешавад. Ростӣ, баъзе аз онҳо баъди нашри мем мегӯянд, ки “дар бораи ман мем сохтӣ!”. Фикр мекунам, хато ва одатҳои зарарноке, ки ноогоҳона содир мекунем, метавон бо ин тарз ислоҳ намоем”, – андеша дорад мемсоз.
“Мем дар байни ҷавонон бештар “серхаридор” аст”
Ба назари Фаррух, аз нигоҳи аввал мем – тасвири одӣ ва аз ҷиддият орӣ аст. Аммо аз нигоҳи дигар он қодир аст, ки мазмуну мундариҷаи калонеро дар худ ғунҷонад.
“Мавзӯъҳои доғи иҷтимоиро, ки имрӯз дар ҷомеа аз мушкилоти муҳим ба шумор меравад, дар мем инъикос кардан мумкин аст. Аммо ман ҷомеашинос нестам. Дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият дорам. Сохтани мем бароям машғулияти дӯстдошта асту бас.
Сарфи назар аз ин, он мавзӯъҳое, ки бароям наздик аст, метавонам, ки тариқи ҳаҷв танқид кунам. Масалан, мавзӯъҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, дар баъзе ҳолат ғайриҳирфаӣ кор кардани табибон, мутахассиси “шиносдор” набудан ва ғайра мемҳо тайёр кардаам, ки хеле ҳамовозӣ ёфтааст”, – афзуд ҷавон.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Фаррух аз таҷриба гуфт, ки барои ба талаботи корбарони Facebook мавзӯъ ёфта, коркард кардани он душвор аст. Аксари корбарони ин шабака калонсолон буда, мавзӯъҳое, ки барои ҷавонони имрӯз наздик аст, таваҷҷуҳ надоранд.
Аммо истифодабарандагони Instagram мавзӯъҳое, ки нисбатан сабук ва ҳаҷвомез пешниҳод мешавад, хуб қабул мекунанд. Аз ин рӯ, Фаррух бештар ба Instagram рӯ овардааст. Дар ин ҷо вай беш 11 ҳазор обуначӣ (подписчик) дорад, ки ҳамагӣ ҷавононанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар оянда “Mr.мemtj” чӣ гуна мемҳо месозад?
Фаррух барои танзиму таҳрир бештар аз барномаҳои мобилии InShot ва CapCut истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар интихоби сурат ва шрифти ҳарфҳо эҳтиёткорона муносибат мекунад. Тасвирҳои лозимиро аз Google меёбад. Ҳамонеро интихоб мекунад, ки мазмуни матлабро ифода кунад ва аз ҳарфҳо намуди хонотару ба рангу сохти сурат мувофиқро корбаст мекунад.
“Мемҳое, ки ман месозам, аз рӯи сохт одиянд. Ман блоги вайнерону мемсозони хориҷӣ, аз ҷумла “sekavines”, “adamw” ва ғайраро пайгирӣ мекунам. Аз контенти онҳо бо тарзи ҳазлу шӯхӣ пешниҳод кардани мавзӯъҳоро то ҷое меомӯзам. Ният дорам, ки дар “Reels” сохтани мемҳоро низ шурӯъ кунам. Имрӯз ин қолаб хеле сертаваҷҷуҳ аст”, – изҳор дошт қаҳрамони мо.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2020 блоги “Мissis.memtj” низ фаъол гардида буд. Онро як бону, аз ҷумлаи дӯстони муаллифи “Mr.мemtj” пеш мебурд. Вале бо вуҷуди кор ва омилҳои шахсӣ имкони фаъолсозии минбаъадаи саҳифаро надорад. Аммо Фаррух нияти партофтани шуғли дӯстдоштааш – мемсозиро надорад.
Файзуллохон Обидов