Мактаб дар Тоҷикистон

Меъёри либосҳои мактабӣ: Хонандагон дар фасли зимистон чӣ гуна сару либос пӯшанд?

Бо паст шудани ҳарорати ҳаво волидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар мактабҳо, дар фасли сармо духтаронро намегузоранд, ки шим ба бар намоянд. Ҳатто ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки мактаббачагонро бинобар мувофиқ набудани сару либосашон ба мактаб роҳ надодаанд.          

Мо кӯшиш кардем, то ба ҳама саволҳои Шумо оиди сару либоси мактабии хонандагон аз дастурамали Вазорати маорифи кишвар ҷавоб пайдо намоем.

Дастурамал барои хонандагон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илм  таҳия шудааст.

Оё маъмурияти мактаб ё муаллимон,барои напӯшидани либоси тавсия шуда, ҳуқуқ доранд, ки талабаро ба дарс роҳ надиҳанд?

Дар ягон дастурамал ё низомнома гуфта нашудааст, ки дар ҳолати напӯшидани сару либоси тавсияшуда барои хонандагон, маъмурияти мактаб бояд хонандаро аз дарс пеш кунад ва ё роҳ надиҳад.

Тибқи банди 94-и «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016, №237 тасдиқ карда шудааст, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон уҳдадоранд, ки дар ҳолатҳои аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сарулибоси тавсиявӣ, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро сари вақт ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд.

Либоси зимистон

Тавре ки маълум шуд, ҳар як муассисаи таълимӣ метавонад тартибот ё фармонҳои алоҳидаи худро дошта бошад.

Аммо, касе ҳақ надорад, ки ҳатто дар ҳолатҳои рафтори дағалонаи хонанда ӯро аз мактаб берун кунад, ё ба дарсҳо роҳ надиҳад.

«Агар фарзанд дағалрафторӣ ва занозанӣ кунад ба мактаб волидонаш даъват мешаванд. Аммо ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки хонандаро аз мактаб берун кунад, ҳоло куҷо расад барои риоя нашудани тавсияи либосҳои мактабӣ. Дар мавриди либос ҳама чиз дар дастураламали вазорат навишта шудааст. Дар баъзе ҳолат кӯдаконро барои доштани либоси зимистонаи рангаш дурахшон аз мактаб пеш мекунанд, гарчанде ки оиди ин ягон тавсия мавҷуд нест», – гуфт директори яке аз мактабҳои Душанбе.

Либоси тирамоҳӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, бояд чӣ гуна бошад?

Барои духтарон: домани сиёҳ ё кабуди сиёҳранги аз матои пахтагини аз зону поён, куртаи остинкӯтоҳ ва остиндароз, костюми сиёҳ ё кабуди сиёҳранг, куртаи сафед, ҷӯроби сафед, куртаҳои якранги пахтагин, рӯймоли миллӣ, пойафзол мувофиқ ба сарулибос.

Барои писарон: шиму костюми сиёҳ, кабуди сиёҳранг, куртаи сафед ва ё кабуди осмонӣ, галстук (ба ғайр аз сиёҳранг) ва пойафзоли мувофиқ ба сару либос.

Либоси тирамоҳӣ

Хонандагон дар фасли зимистон бо чӣ гуна сару либос бояд ба мактаб раванд?

Барои духтарон: домани сиёҳ ё кабуди сиёҳранги аз матои пахтагин ё пашмин дӯхташудаи аз зону поён, куртаи сафед, костюми ҳамранги доман, шиму костюми сиёҳ ва ё кабуди сиёҳранг бо куртаи сафед, рўймоли миллӣ, кулоҳ, болопӯши гарм, пойафзоли зимистона (мӯза, ниммӯза), дастпӯшак ва чатр.

Барои писарон: шиму костюми сиёҳ, шиму костюми кабуди сиёҳранг, куртаи сафед, галстук, жемпер, кулоҳ, болопӯши гарм. Пӯшидани ниммӯза, мӯза ва дигар намуди пойафзоли зимистона тавсия дода мешавад.

Либоси баҳоронаи хонанда бояд чӣ гуна бошад?

Барои духтарон: домани сиёҳ ё кабуди сиёҳранги аз матои пахтагин дӯхташудаи аз зону поён, куртаи остинкӯтоҳ ва остиндароз, костюми сиёҳ ё кабуди сиёҳранг ва ё камзулча (жакет)-и ҳамранги доман, рӯймоли миллӣ. Дар фасли баҳор ҳангоми ҷашнҳои миллӣ, пӯшидани куртаву пойҷомаи миллӣ (атлас, адрас, чакан, алоча ва ғ.) иҷозат дода мешавад.

Духтарон метавонанд ба мўйи худ лентаи ороишии сафед, сурху кабуд банданд. Пойафзоли якранг, мувофиқ ба сарулибос. Барои духтарони синфҳои 1–4-ум пешдоман (фартук), нишони созмони талабагӣ ва галстуки созмони талабагӣ тавсия мегардад.

Барои писарон: шиму костюми сиёҳ, сиёҳранг; камзулча (жакет)-и ҳамранги шиму костюм, куртаи сафед ва ё кабуди осмониранг, пойафзоли якранги мувофиқ ба сару либос мувофиқ.

Барои писарону духтарон дар мактаб чиҳо манъ шудаанд?

– Ба дарс омадан бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар),

– бо либосҳои нимбараҳна, даридаю шикофтаи мӯдшуда,

– бо либосҳои ғайримиллии хоси фарҳанги бегона, дорои ҳар гуна навиштаҷот ва парчаму рамзҳои дигар давлато (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, либосҳои варзишӣ ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои дароз),

– овехтани зиёда аз як гӯшвор, гӯшвори калон ва дароз,

– либосҳои сунъии қиматбаҳо,

–  бо рангу бори лаб ва абрӯву чашмон,

– бо нохунҳои дароз ва ранг карда шуда,

– бо расму тасвирҳои дар дасту пой ва бадан холкӯбӣ шуда,

– бо овехтани ҳар гуна ҷавоҳирот, дар бинию гардан, дасту пой ва абрӯву пешонӣ,

– бо насби ҳар гуна ороишоту сангҳо дар либосҳои мактабии тавсияшуда.

–  барои писарон бо мӯйи дароз ва риши расида

Бо пойафзолҳои кӯчагин ба монанди калуш ва ғ.

Оё бастани галстук ё нишони созмони талабагӣ барои хонандагон ҳатмӣ аст?

Бале, тибқи дастурамали таҳия намудаи вазорати маориф, вобаста ба зинаи созмони талабагӣ, бастани галстук ва нишони созмони талабагӣ барои хонандагоне, ки аъзои созмони талабагӣ ҳастанд, ҳатмист.

Либоси мактабии муассисаҳои таҳсилоти умумии кӯҳистон чӣ гуна аст?

Пӯшидани сару либоси мактабӣ барои хонандагони деҳот ихтиёрӣ аст. Яъне онҳо метавонанд ҳам бо либосҳои расмии мактабӣ ва ҳам бо куртаву поҷомаи миллӣ ба дарс раванд.

Либоси мактаббачаҳо аз кадом намуди матоъ омода мешавад?

Дар интихоби рангу матоъ, нақшу нигор, тарзи дӯхт ва пӯшидани либосҳо стандарти муайян муқаррар гардидааст.

Либосҳои мазкур бояд аз матоъҳои пахтагину пашмин ва абрешимин омода карда шаванд. Барои нарасонидани таъсири манфӣ ба саломатии кӯдакон истифодаи либосҳое, ки аз матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) омода карда мешаванд, тавсия дода намешавад.

Манбаъ: Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Малика Сафарзода

Skip to toolbar