fbpx

“Мехоҳам, тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бубинад”. Чи тавр ҷавони тоҷик дар Ню-Йорк муҳтавои визуалӣ меофарад

Корҳои Нурулло на ҳамеша бе восита ба Тоҷикистон рабт доранд, аммо тавре ин ҷавони тоҷик иқрор мешавад, ҳиссу ёди Ватан ҳамеша дар дилаш аст.


0
ИН ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии нурулло Сайфуллоев

Нурулло Сайфуллоев, зодаи шаҳри Хуҷанд дар соҳаи санъати визуалӣ дар ИМА фаъолият дорад. Ӯ ҳамчун директори креативӣ (эҷодӣ) кор мекунад ва қиссаҳои визуалӣ меофарад, сар карда аз муҳтавои видеоӣ то консепсияҳои эҷодии пурра.

Барои Нурулло Тоҷикистон ниҳоят азиз аст, зеро маҳз зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд ба ташаккули шахсияти эҷодии вай замина гузошт.

Дар оянда Нурулло орзу дорад, ки бо бозори визуалии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад ва дар зодгоҳаш хаб (маркази) креативӣ барои эҷодкорони ҷавон таъсис диҳад.

Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj, ӯ дар бораи лоиҳаҳо ва нақши ҳувияти тоҷикӣ дар кораш нақл кард.

Забони ҳамафаҳми худифода

Нурулло дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда ба воя расидааст. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, гарчанде дар шаҳр он вақт на агентии креативӣ, на студияи истеҳсолӣ ва на мактаби санъат вуҷуд дошт, ӯ аз осмон, нур ва кӯчаҳои пурҷӯшу хурӯш илҳом мегирифт.

Дар кӯдакӣ ҳар рӯз лаҳзаҳои хурди зебоиро дар хотирааш сабт мекард – хоҳ шуълаи офтоб бар девор бошад, хоҳ садои бозор ё ҳаракати одамоне, ки ба қаҳрамонони филм монанд буданд.

“Шояд маҳз ҳамон вақт ман ба дидани олам ҳамчун як қиссаи визуалӣ оғоз кардам”,- мегӯяд Нурулло.

Ба завқи ӯ филмҳое чун “Одами анкабут” (Spider-Man), ҳамчунин ҷаҳони Гарри Поттер ва Marvel таъсири зиёд расонданд.

Ба гуфтаи Нурулло, ӯ бештар на аз супер қаҳрамонҳо, балки аз ҳисси озодӣ, ҳаракат дар шаҳр ва бозии рӯшноиву соя ба ҳаяҷон меомад.

“Ба назарам, маҳз забони визуалӣ новобаста аз кишвар ё фарҳанг ба ҳама фаҳмо аст”,- мегӯяд ӯ.

“Ню-Йорк на танҳо шаҳр, балки экосистемаи комили идеяҳост»

Аз соли 2019 инҷониб Нурулло дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, кӯчидан ба ин шаҳр як қарори тасодуфӣ набуд, балки қадами огоҳона. Ӯ итминон дошт, ки маҳз дар ҳамин ҷо метавонад ҳам эҷодкорона ва ҳам касбӣ рушд ёбад.

Дар оғоз, иқрор мешавад Нурулло, зиндагӣ осон набуд. Забони дигар, фарҳанги дигар, танҳоӣ. Аммо маҳз дар ҳамин душвориҳо эътимод ба худ ва интизом дар ӯ шакл гирифт.

“Ман фаҳмидам, ки Ню-Йорк шаҳри одӣ нест. Он экосистемаи пурраи идеяҳост. Дар ин ҷо санъат ва тиҷорат паҳлу ба паҳлу қдам мегузоранд ва агар хоҳӣ чизи арзишманде биофарӣ, бояд дар муҳите бошӣ, ки суръат ва рақобат ҳар рӯз туро водор ба рушд мекунанд”, – мегӯяд ӯ.

Маълумоти олиро Нурулло дар City University of New York гирифтааст. Дар аввал ихтисоси Computer Science (илмҳои компютерӣ)-ро интихоб кард, вале зуд дарёфт, ки рағбати воқеии ӯ дар санъати визуалӣ аст.

Аз ин рӯ, ба факултаи Graphic Design & Advertising (дизайни графикӣ ва реклама) бо тамаркуз ба UX/UI гузашт.

“Ин қарори калидӣ буд. Дар он ҷо ман фаҳмидам, ки дизайн танҳо зебоии зоҳирӣ нест, балки тарзи тафаккур, роҳи сохтани мантиқ ва фикр кардан аст.

Ман назарияи ранг, сторителлинг, принсипҳои композитсияро омӯхтам, дар намоишгоҳҳо ва клубҳои санъат иштирок кардам, бо дигар рассомон ҳамкорӣ намудам.

Таҳсил ба ман на танҳо касб, балки итминон бар он дод, ки забони визуалӣ универсалист.

Ба шарофати ин, ман тавонистам бо брендҳо ва мавзӯъҳои гуногун, аз мӯд то технология ҳамкорӣ кунам ва ҳамзамон шахсияти худ ва эҳсосро нигоҳ дорам”,- мегӯяд ӯ.

Дар оғоз, Нурулло фаъолияти худро ҳамчун видеограф ва дизайнер оғоз кард, вале бо мурури замон дарёфт, ки мехоҳад на танҳо супориш иҷро кунад, балки идеяҳоро аз консепсия то лаҳзаи охирини видео шакл диҳад.

Здесь и далее фотографии из личного архива Нурулло Сайфуллоева

Ба назари ӯ, директори креативӣ шахсе аст, ки стратегия, зебоӣ ва эҳсосро ба ҳам мепайвандад.

Ӯ масъул аст, ки идея на танҳо “зебо”, балки маъно дошта бошад, то ҳар ҷузъ “қиссаи худро бигӯяд”.

“Замоне фармоишҳое омаданро оғоз карданд, ки на танҳо барои навор гирифта тавонистанам буданд, балки ба одамон диди ман маъқул шуд.

Ин ҳамон нуқтаи гардиш буд, вақте ки эҷод аз ҳунар ба забони муаллиф табдил ёфт”,- мегӯяд Нурулло.

Имрӯз фаъолияти ӯ асосан ба офаридани ҳикояҳои визуалӣ равона шудааст, аз муҳтавои видеоӣ то брендинг ва консепсияҳои креативӣ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от NOOR • NYC VIDEOGRAPHER / PHOTOGRAPHER (@dreamer.tj)

“Ман лоиҳаҳоро дӯст медорам, ки дар онҳо метавон зебоӣ, технология ва эҳсосро якҷо кард. Ин метавонад мисли реклама бошад, ҳамкории эҷодӣ бо бренд, видео барои имиҷ ё стратегияи визуалӣ барои як стартап.

Ҳар як лоиҳаро мисли як филми кӯтоҳ месозам: бо идея, рӯҳия, муҳит ва характери худ. Ман танҳо барои зебоии тасвир навор намегирам кӯшиш мекунам ҳис, лаҳза ва ҳақиқатро дарёбам”, – нақл мекунад ӯ.

Ба ғайр аз ин, Нурулло ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар равандҳои эҷодӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ, зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки марзҳои эҷод васеъ шаванд, идеяҳо зудтар озмоиш гарданд, консепсияҳои визуалӣ бунёд шаванд ва роҳҳои ғайримаъмулӣ пайдо гарданд.

“Аммо муҳимтар аз ҳама, ҳис, завқ ва нигоҳи инсон аст”,- бовар дорад Нурулло.

“Хуҷандие, ки дар майдони машҳури Ню-Йорк навор мегирад”

Дар солҳои охир Нурулло дар даҳҳо лоиҳаҳо ширкат кардааст, вале бархеи онҳо дар хотираш нақши амиқ гузоштаанд.

Яке аз онҳо наворбардории баскетболбози маъруфи Harlem Globetrotters – Броули Чизом (Brawley Chrisholm) ҳангоми баромадаш дар майдони машҳури Madison Square Garden дар Ню-Йорк мебошад.

“Ин на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки намоиши ҳақиқие буд. Ман аз паси парда, миёни садои издиҳом ва нури равшанидаҳандаҳои азим навор мегирифтам ва ҳис мекардам, ки ҳар сония пур аз энержи аст.

Бароям ин лаҳза рамзӣ буд: як ҷавон аз Хуҷанд дар майдони машҳури Ню-Йорк навор мегирад”,- бо эҳсос ба ёд меорад ӯ.

Дигар лоиҳае, ки Нурулло аз он ифтихор дорад, иштирокаш дар наворбардории барномаи махсуси Vir Das барои Netflix аст. Дар он ҷо ӯ ҳамчун оператор-саҳнагузор фаъолият дошт ва баъдан номи ӯ расман ба пойгоҳи бузургтарини ҷаҳонии IMDb – пойгоҳи маълумоти расмии филмҳо, сериалҳо, коргардонҳо ва ҳайати гурӯҳи наворбардорӣ ворид шуд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от NOOR • NYC VIDEOGRAPHER / PHOTOGRAPHER (@dreamer.tj)

“Бароям ин на танҳо дастоварди касбӣ, балки тасдиқи он буд, ки ман дар роҳи дуруст қарор дорам”,- мегӯяд ӯ.

Дигар қадами муҳим дар фаъолияти ӯ ҳамкорӣ бо брендҳоест, ки дар онҳо тавонист худро на танҳо ҳамчун оператор, балки ҳамчун стратеги креативӣ нишон диҳад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от NOOR • NYC VIDEOGRAPHER / PHOTOGRAPHER (@dreamer.tj)

Масалан, дар як силсила видеороликҳо барои маъракаи таблиғотии Turo – бузургтарин платформаи каршеринги ҷаҳон, Нурулло тавонист фазои ҳаракат, суръат ва саёҳатро нишон диҳад.

“Ман барои онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Лас-Вегас, Лос-Анҷелес ва Сан-Франсиско навор гирифтам. Ин видеоҳо садҳо ҳазор тамошо гирифтанд ва қисми маъракаҳои таблиғотии онҳо шуданд”,- мегӯяд ӯ.

“Хуҷанд маро ёд дод, ки зебоиро дар содагӣ бинам”

Гарчанде аксари корҳои Нурулло бевосита бо Тоҷикистон пайваст нестанд, ӯ иқрор мешавад, ки ёди кишвар ҳамеша ҳамроҳаш аст.

“Ҳисси ранг, рӯшноӣ ва композитсияро аз Ватанам мегирам. Хуҷанд маро ёд дод, ки зебоиро дар чизҳои сода ҷӯям, дар ҷузъиётҳо воқеият бинам.

Ман аксар вақт рангҳои гарм, бозии нури табиӣ ва гузаришҳои эҳсосиро истифода мебарам. Ин ҳама то андозае инъикоси зебоии тоҷикӣ аст, танҳо дар шакли муосир”,- мегӯяд Нурулло.

Дар оянда ӯ ният дорад, ки дар Тоҷикистон фазои эҷодие таъсис диҳад, ки дар он ҷавонон тавонанд омӯзанд, навор гиранд, муҳтаво офаранд ва ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбанд.

“Ман мутмаинам, ки дар кишвар истеъдодҳо зиёданд, танҳо муҳит ва дастгирӣ намерасад”,- мегӯяд ӯ.

“Ҳувияти ман лоиҳаҳоямро махсусият мебахшад”

Барои Нурулло, тоҷик будан дар муҳити эҷодии Амрико ин ҳар рӯз ба худ ёдовар шудан аст, ки фарқ доштан заъф нест, балки бартарист.

“Ҳувияти ман ба лоиҳаҳоям ранги хос мебахшад. Ман ҷаҳонро бо ду нигоҳ мебинам – шарқӣ ва ғарбӣ. Ҳамин тавозун байни эҳсос ва сохторро ба вуҷуд меорад.

Дар оғоз бисёриҳо ҳайрон мешуданд: “Аз Тоҷикистонӣ? Дар Ню-Йорк дар соҳаи эҷод кор мекунӣ?” Ҳоло баръакс ин сабаби эҳтиром ва таваҷҷуҳ шудааст”,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Нурулло, дар соҳаи эҷодии ИМА тоҷикон ангуштшуморанд.

“Аксари ҳамватанони мо бештар дар соҳаҳои тиҷорат, IT ё хизматрасонӣ фаъоланд, вале дар санъати визуалӣ то ҳол шумораашон кам аст.

Аммо мебинам, ки вазъ тағйир меёбад, насли нав далертар мешавад, худро дар тарроҳӣ, наворбардорӣ ва медиа меозмояд.

Ман кӯшиш мекунам бо онҳое, ки роҳи монанд доранд, дар тамос бошам, таҷриба мубодила кунам, маслиҳат диҳам, ҳатто баъзан ба лоиҳаҳо ҳамроҳ кунам.

Мехоҳам, ки пас аз чанд сол ҷомеаи пурқуввати эҷодкорони тоҷик дар хориҷ пайдо шавад”,- мегӯяд ӯ.

“Ман дар Тоҷикистон иқтидори бепоён мебинам”

Нурулло орзу дорад як платформаи глобалӣ таъсис диҳад, ки эҷодкорон ва муҳоҷиронро муттаҳид созад, маконе барои мубодилаи таҷриба, ҳамкории эҷодӣ ва омӯзиш.

Ин платформа хусусан барои онҳое муфид хоҳад буд, ки мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар фаъолият кунанд, вале намедонанд аз куҷо оғоз намоянд.

Ғайр аз ин, ӯ ният дорад як филми мустанад ё пурра метраж дар бораи Осиёи Марказӣ бисозад, то минтақа тавассути чеҳраҳо, ҳикояҳо ва тарзи зиндагии муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

“Мехоҳам ҷаҳон бинад, ки Тоҷикистон танҳо анъанаҳо нест, балки энергияи ҷавонони фаъол ва пешрафтаест, ки симои нави минтақаи моро месозанд”,-мегӯяд Нурулло.

Ҳамсуҳбати мо нақша дорад, ҳамчунин бо бозори Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, зеро ба гуфтаи ӯ, кишвар дорои иқтидори азим барои рушди эҷодиву визуалӣ аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от NOOR • NYC VIDEOGRAPHER / PHOTOGRAPHER (@dreamer.tj)

“Орзуи дорам хаб ё маркази креативӣ дар Хуҷанд таъсис диҳам, ки дар он метавон дизайн, наворбардорӣ ва истеҳсоли видео омӯхта, бо фармоишҳои воқеӣ кор карда, таҷриба андӯхт.

Ман мехоҳам ҷавонони соҳибистеъдод кишварро тарк накунанд, балки тавонанд дар Ватан худро бисозанд ва бо брендҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ин танҳо як идея нест, ин ҳадаф аст, ки аллакай ба нақшаи воқеӣ табдил ёфта истодааст”,- илова мекунад Нурулло.

Тарҷумаи мутобиқшуда аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend