fbpx

“Мехоҳам китобхонае созам, аммо…”. Нигаронии сокини Левакант аз тақдири китобҳои ҷамъовардааш

Ашӯралӣ Юсуфӣ тамоми умри хешро ба ҷамъоварии китоб сарф кардааст...


0
Ашӯралӣ Юсуфӣ дар китобхонаи шахсии худ.

Ашуралӣ Юсуфии 78 –сола  аз шаҳри Левакант ҳудуди 7 ҳазор китобро дар хонааш ҳифз кардааст. Ӯ қисми зиёди ин китобҳоро замони ҷанги шаҳрвандии кишвар ҷамъ овардааст. Ҳоло тамоми китобхонҳои ҳамдеҳааш ба хонаи ӯ барои гирифтани китоб меоянд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ба ҷамъоварии китоб замони ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ кардааст. Дар кӯчаҳо бо китобҳои афтодаву партофта рӯ ба рӯ шуда, онҳоро ҷамъоварӣ кардааст. Дар автобус “боевикҳо” халтаҳояшро мекофтанд ва бо дидани китоб ба ӯ чизе намегуфтанд.

“Замони бесарусомонӣ буд, ҳама ҷо вайрону валангор, дар кӯчаҳо китобҳои партофтаро бисёр вомехӯрдам ва онҳоро ба хона оварда таъмир мекардам, саҳифаҳои даридаро пайваст карда ба тартиб меовардам. Ба ғайр аз ин замони гуруснагӣ, ки буд бисёриҳо китобҳояшонро аз ноилоҷӣ бо нархи арзон мефурӯхтанд”, – мегӯяд, Ашӯралӣ.

Танҳои танҳо

Юсуфӣ танҳо зиндагӣ мекунад, на зан дораду на фарзанд, аз ӯ пурсидем, “фарзандонатон дар куҷоянд?”, ӯ бо як даст суи китобҳо ишора карду гуфт: “ман танҳо фарзандони маънавӣ дорам».

Ашӯралӣ Юсуфӣ соли 1944 дар деҳаи Баҳораки ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таввалуд шудааст. Вақти кӯдак буданаш, волидайнаш ба минтақаи Каленинобод, ҳозира шаҳри Левакант муҳоҷир мешаванд. Соли 1962 мактаби миёна ва соли 1967 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.

Юсуфӣ дар китобхонаи шахсиаш

Меҳру муҳаббаташ ба китоб то ҳаддест, ки зиндагиро бидуни он тасавур карда наметавонад. Дунёву сарваташ китоб аст, ҳаёташ сарфи ҷамъоварии он шудааст.

Аз даврони бачагияш то ба имрӯз танҳо хазинаи маърифат гирд овард. Юсуфӣ мегӯяд, ки хонандаи мактаб буд, бародараш адабиётҳои гуогунро мутолиа мекард, меҳри китобу китобхонӣ аз ҳамон вақт дар замираш бедор шуд. Ҳар китобе, ки ба дасташ мерасид, мутолиа карда, барои насли имрӯза захира мекард.

Ҷамъоварии 6 ҳазор китоб осон нест

Юсуфӣ собиқаи 49 солаи омӯзгорӣ дорад. Мутолиаи адабиётҳои зиёд ӯро ба олами эҷод ворид кард. Солиёни зиёд аст, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақола, ҳикояву қиссаҳо навишта, маҷмӯаҳояш дастраси хонандагон гардидааст.

“Ҷамъоварии 6 ҳазор китоб осон нест, хонаву дар зану фарзанд нагуфтам, танҳо хонаи маънавӣ сохтам. Замони Шӯравӣ нархи як китоб 10-15 тин буд. Он замон қиматтарин китоб Фарҳанги забони тоҷикӣ буд, ки 5 сомонӣ арзиш дошт. Ҳама тавони харидани китобро доштанд.

Аммо имрӯз нархи китобҳо дар осмон аст. Ман фикр мекунам яке аз сабабҳои камтаваҷуҳии мардум ба китобу китобхонӣ гаронии нарх аст”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Издивоҷ дар 55 солагӣ

Ашуралӣ Юсуфӣ дар синни 55 солагияш оиладор шуд. Сабаби дер издивоҷ карданашро ҳам нақл кард.

“Баъди хатми донишгоҳ пеши худ мақсад гузоштам, ки аввал китоб бояд чоп кунам, соҳиби хона ва мошини шахсӣ шуда, баъдан хонадор мешавам. Ҳамаи орзуҳоям амалӣ шуданд. Бо як муаллима низ оиладор шудам, вале аз мо фарзанд нашуд. Баъди 8 соли зиндагии муштарак ҳамсарам вафот кард. Бо ҳамин то имрӯз оиладор нашудам”, – мегӯяд Юсуфӣ.

Юсуфӣ бо китобҳои ҷамъовардааш

Дар орзуи китобхона

Ҳаҷми нафақапулии Юсуфӣ ҳудуди 300 сомонӣ аст, ки мегӯяд наметавонад бо ин пул рӯзгори имрӯзаашро таъмин кунад. Ҳамсояҳо хӯрокаш мебаранд. Гоҳо фарзандони бародаронаш кӯмакаш мекунанд.

Ӯ дӯстдори китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо буда, зуд-зуд бо ду ҷузвдони пур аз дастхат, китобу рӯзнома меҳмони идораи нашрияҳои маркази вилоят мешавад. Маводҳояшро барои чоп пешниҳод мекунад. Аз хабару воқеаҳои ҷолиб бохабар шудан мехоҳад.

Ашуралӣ Юсуфӣ мегӯяд, ки синнаш ба ҷое расидааст, аммо тақдири китобҳояш чӣ мешавад намедонад. Шабу рӯз барои онҳо фикр мекунад. Мехоҳад, ки бо кӯмаки мақомоти шаҳри Левакант барои мардум китобхонае боз кунад.

«Шояд баъд аз сари ман чандин нафар ин китобҳоро мутолиа намуда, дар ҳақам дуои нек кунанд. Баъзе нафароне, ки аз ман китоб мегиранд дигар бар намегардонанд агар китобхонаи расмӣ медоштам, сари вақт китобҳоямро бармегардониданд», – мегӯяд Ашуралӣ Юсуфӣ.

Амонҷон Муҳиддинов, 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend