fbpx

Маводи мухаддирро аз Тоҷикистон бо баллонҳои газӣ ба Ӯзбекистон бурданд. Яке аз баллонҳо таркидааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Podrobno.uz

Нахустин намояндаи ҳукумати “Толибон” ба Тоҷикистон омадааст

Як намояндаи расмии ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи Афғонистон дирӯз вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар ҳамоише дар Душанбе ба журналистон хабар дод.

Ҳофиз Аҳмад Зозай, намояндаи ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи наврасони то 16-солаи Афғонистон дирӯз, 10 май, тавассути хатсайри Иcтанбул-Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.

Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дирӯз барои пешвози бозигарон ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд ва диданд, ки ин намояндаи ҳукумати “Толибон” ҳамроҳи даста ба Тоҷикистон омадааст.

Ба гуфтаи сафир, Ҳофиз Аҳмад Зозай ҳеҷ рабте ба соҳаи варзиш, махсусан футбол, надорад ва ҳадафи сафараш танҳо “назорат” – и футболбозони афғон аст.

“Вазифаи ӯ “назорат”-и 31 варзишгаре аст, ки ба Душанбе омадаанд. Ӯ назорат мекунад, то футболбозон нисбати ҳукумати “Толибон” ҳарфи бад нагӯянд, бо истифода аз фурсат аз Тоҷикистон ба дигар кишвар нагурезанду ба Афғонистон баргарданд. Ин намояндаи ҳукумати “Толибон” назди мо наомад ва аз суҳбат бо мо ва расонаҳо низ худдорӣ кард”, – гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

Варзишгарон ба намояндагони сафорат гуфтаанд, қабл аз парвоз ба Душанбе дар Кобул ҳушдор додаанд, ки бо хабарнигорон ва ҳатто бо намояндагони сафорат сӯҳбат накунанд.

“Мо ҳатман аз бозӣ дидан хоҳем кард, ки дар он бозигарони мо бозӣ мекунанд. Мо дар футбол бар зидди “Толибон” чизе намегӯем. Мо намехоҳем, ки варзишро ба сиёсат олуда кунем, вале тавре мебинем, онҳо аллакай варзишро ба сиёсат олуда кардаанд. Мо аз бозӣ ҳаловат мебарем, бозигаронро дастгирӣ мекунем, парчамҳои Афғонистону Тоҷикистонро баланд мебардорем”, – таъкид кард сафир.

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дирӯз, 10 май тавассути хатсайри Истанбул – Тоҷикистон дастаи мунтахаби то 16-солаи Афғонистон  ба Тоҷикистон омад ва Ҳофиз Аҳмад Зозай “ба ҳайси роҳбари ҳайати намояндагияшон аст”.

Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон аз августи соли гузашта ин нахустин сафари расмии як намояндаи ҳукумати онҳо ба Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре дониста мешавад, ки бо ҳукумати “Толибон” то имрӯз ҳеҷ робитае надошт.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳамоишҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ҳамеша таъкид мекунанд, ки тарафдори ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонистон ҳастанд ва тоҷикон, ки қисми зиёди аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд ба он шомил гарданд.

Заминларзаи сахт Тоҷикистонро такон дод

Пас аз зуҳри 12-уми май заминларзаи сахте Тоҷикистонро такон дод.

Дар Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, “заминларза соати 15:27 ба вақти маҳаллӣ рух дод.”

Ба ҳисоби мутахассисони ин ниҳод, маркази заминларза дар 173- километрии ҷанубу ғарби Душанбе, дар ҳудуди Узбекистон, буда, “шиддати заминларза дар марказ 6 ва дар Душанбе 3-4 дараҷаи Рихтер буд”.

Баъзе аз марказҳои зилзиланигории ҷаҳон низ маркази заминҷунбиро Бойсуни Узбекистон ва шиддаташро то шаш дараҷа гуфтаанд.

Сокинон мегӯянд, заминларзаро дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ҳис карданд ва он “сахту тӯлонӣ” буд.

Тоҷикистон ва кишварҳои атрофи он минтақаи зилзилахез ба шумор мераванд ва дар гузашта шоҳиди заминҷунбиҳои пурталафоту фоҷеаборе будаанд.

Маводи мухаддирро аз Тоҷикистон бо баллонҳои газӣ ба Ӯзбекистон бурданд. Яке аз баллонҳо таркидааст

Ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони пропани дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз балонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст.

Гуфта мешавад, ин қочоқбарон маводи мухаддирро ба сокини ноҳияи Ургут супурдаанд, ки ҳангоми мусодираи афюн яке аз баллонҳо таркидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш, қочоқбарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

– Дар рафти тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ 244,19 грамм маводи мухаддир пайдо намудаанд, – навиштааст сомонаи ӯзбекӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи тоҷирони номуваффақ дар асоси Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки nuz.uz менависад, «балони газро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон марди 44-солаи сокини Душанбе Д.О. ҳамроҳ бо зодаи шаҳри Бохтар С.С. мебаранд. Ин афрод балони газро ба ноҳияи Ургут, ба манзили дӯсти худ М.Ф.-и 43-сола бурданд. Аммо вақте ки онҳо мехостанд онро кушоянд, баллон таркидааст”.

Қиморбози “алик-малик” дар Душанбе 15 шабонарӯз ҳабс шуд

Дар ҷараёни рейди санҷишӣ дар кӯчаҳои Душанбе кормандони милитсия барои ташкили қиморбозӣ сокини пойтахт Орзу Шарипови 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ӯ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори “Ганҷина” ба ин амали мардумфиребона машғул будааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санади маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо додааст.

Раёсати ВКД хотиррасон менамояд, ки ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як падидаи номатлуб ва ғайриқонунӣ мебошад.

“Чунин афрод бо роҳи фиреб таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намуда, пулҳои онҳоро аз худ мекунанд, – зикр мешавад дар хабар. – Нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд”.

Зимнан Раёсат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend