logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Масъулин сабабҳои беасос аз барқ қарздор шудани сокинонро шарҳ доданд

Сабаби дигар ба хатоҳои техникӣ дар системаи биллингӣ рабт дода шуд, ки қаблан вуҷуд дошт.

Your tj

17:1330.07.2025

Масъулин сабабҳои беасос аз барқ қарздор шудани сокинонро шарҳ доданд

Ҷомӣ Умаров мушовири Директори генералии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" сабабҳои асосии аз барқ қарздор шудани сокинонро изофанависӣ ва хатои техникӣ ном бурд.

"Мутаассифона то ин вақт ҳисоб дастӣ буд, ки аксар вақт бо сабаби хунукназарӣ ва камбудии нозирони барқ, дар асл нишондодҳои аслие, ки дар ҳисобкунаки барқӣ ҳаст, яъне масрафи аслии моҳонаи муштариён ба изофанависӣ роҳ дода шудааст", - зикр кард Умаров ва гуфт як қисми қарзҳо аз ин ҳисоб аст.

Ба гуфтаи ӯ ин нишондод, нишондодест, ки муштарӣ масраф накардааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Сабаби дигарро ин масъул дар хатоҳои техникии системаи биллингӣ рабт дод, ки қаблан вуҷуд дошт.

"Вобаста ба таҳлилу баррасӣ ва ислоҳ намудани қарзҳое, ки беасос бошад, коммисия ташкил карда шудааст. Агар дар ҳақиқат қарз аз ҳисоби хатои техникӣ ё назоратчӣ, аз ҳисоби беаҳамиятӣ ё бемасъулиятӣ дар суратҳисоби муштарӣ ворид шудаанд, ислоҳ мешавад", - гуфт Умаров.

Ҷомӣ Умаров мушовири Директори генералии "Шабакаҳои тақсимоти барқ"

Агар сокинон ҳангоми омадани паёмак аз он норозигӣ дошта бошанд, метавонанд ба шабакаҳои барқи ноҳиявӣ, филиалҳои минтақавӣ ё дастгоҳи марказии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" муроҷиат кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ