Дари масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро дар маркази Душанбе эҳтимол рӯзи 8-уми июн боз кунанд. Масҷиди мазкур бо маблағгузории давлати Қатар сохта шудааст ва дар маросими ифтитоҳи он иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар дар назар аст.
Тавре расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ менависанд ҳоло корҳои омодагӣ барои маросими ифтитоҳи ин масҷид идома дорад ва сафари амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон интизоранд.
“Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар аввали моҳи июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни ин сафар, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 8-уми июн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ин масҷидро боз мекунанд”,- гуфтааст як манбаъ.
Радиои “Озодӣ”, менависад дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон сафари ҳайати Қатарро тасдиқ кардаанд, вале дақиқ нагуфтаанд, кӣ меояд.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли равон кушода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ин бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон буда, тибқи иттилоъ, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 100 ҳазор нафар намоз гузоранд.
Бунёди масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро давлати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро давлати Қатар пардохт кардааст.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.
Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъморӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон аст.