Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон кам, аммо фурӯшаш ба хориҷа бештар шудааст
Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон коҳиш, аммо содироти он ба хориҷ аз кишвар афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар ним сол ба хориҷа бештар аз 917 миллион киловат соат нерӯи барқ додааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион киловат соат зиёд аст.
Афзоиши фурӯши барқ ба хориҷ дар ҳолест, ки сокинони баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон баҳори имсол бо маҳдудият барқ мегирифтанд. Ин шабу рӯз низ мардум аз камбуди барқ дар чанд шаҳру ноҳияҳо шикоят доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи имсол истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 10 миллиарду 73,1 миллион киловат соатро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 миллион киловат соат кам аст.
Рӯзи 12-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабарнигорон аз Далер Ҷумъа, вазири энергетика, пурсиданд, ки чаро бо вуҷуди кам шудани тавлидоти барқ ва ҷорӣ намудани маҳдудият содироти он ба хориҷ афзоиш ёфт? Вазир посух дод, ки “маҳдудияти барқ ба зимистон рост меояд ва содиротро аз якуми майи имсол шурӯъ кардем”.
Ӯ таъкид намуд, ки содироти барқ моҳи май ба июн ба давлатҳои ҳамсоя, асосан ба Узбекистону Афғонистон зиёд шудааст.
Дар Тоҷикистон то ҳол 2,5 млн симкорт аз сабти дубора нагузаштаанд
Дар Тоҷикистон то ҳол 2 млн 444 ҳазор симкорти алоқаи мобилӣ мувофиқи шиносномаи намунаи соли 2014 сабти дубора нашудаанд. Зимни нишасти хабарӣ, 12 июл муовини сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Илҳомҷон Атоев изҳор намуд, ки то имрӯз ҳамагӣ 4 млн 960 ҳазор симкортҳо ба қайди дубора гузошта шудаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон дар Тоҷикистон 7 млн 571 ҳазор муштариён аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ки 5 млн 144 ҳазори онҳо муштариёни фаъол мебошанд.
То анҷоми муҳлати сабти дубораи симкортҳо тибқи ID-шиносномаҳо 8 моҳ – то 15 феврали соли 2022 вақт боқӣ монд. Агар муштариён саривақт дубора худро ба қайд нагузоранд, рақамҳои онҳо ғайрифаъол мешаванд.
Донишҷӯёни дар “маршировка” иштирокдоштаро дастаҷамъона ваксин заданд
“Қисмате аз донишҷӯёне, ки дар раҳпаймоӣ ё худ маршировка ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок мекунанд, ба таври ҳатмӣ ваксина гирифтанд. Тадриҷан ҳамаи иштирокчиёни ин чорабинӣ – 15 ҳазор нафар донишҷӯён ваксина зада мешаванд”, – хабар додааст ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, то дирӯз 6 ҳазору 595 нафар донишҷӯёне, ки ҳозир дар маршировка иштирок мкунанд, ваксин гирифтаанд.
“Маршировкаҳо бо шумори маҳдуд гузашта, ба наздикӣ донишҷӯёни боқимонда ба он ҳамроҳ мешаванд. Давра ба давра пас аз гирифтани ваксина ҳамаи онҳо ба чорабинӣ ҳамроҳ мешаванд. Ин корҳо барои бехатарии онҳо ба сомон расонида мешавад”, – иброз дошт ӯ.
Шоҳиён зикр кард, ки пас аз гирифтани ваксина шумори донишҷӯёне, ки дар чорабинӣ иштирок мекунанд, ба 15 ҳазор нафар мерасад.
Додситони кулл дар бораи парванда алайҳи низомиёни қирғиз гуфт
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо ишора ба айби ҷониби низомиёни қирғиз дар даргирии мусаллаҳона гуфт, ин ба ҳама маълум аст.
“Ҳуҷумро кӣ сар кард ва натиҷа чӣ шуд, ба ҳамаи шумо маълум аст”, – изҳор дошт Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ӯ афзуд, ки барои куштори тоҷикистониён аз ҷониби низомиёни қирғиз, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
“Ман шахсан супориш додам, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем. Вобаста ба куштори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳоло идома дорад”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печида буд.
Толибон дар Шерхон-Бандар раводиди Афғонистон барои ронандаҳои тоҷикро бекор кардаанд
Гуруҳи “Толибон” дар гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор кардаанд. Дар ин бора ба Азия-Плюс яке аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ин ронанда, ки нахост номаш бурда шавад, ҳоло марз дар Шерхон-Бандар боз аст ва Толибон барои рафту омад кадом мушкиле пеш намеоранд.
Бекор кардани раводид аз сӯйи Толибон дар ҳолест, ки Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баъди суқути Шерхон-Бандар ба дасти Толибон додани раводидро барои ронандаҳои тоҷик муваққатат қатъ кардааст. Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтаанд, ки то як замони муайян мо аз додани раводид худдорӣ мекунанд.
То кунун гуруҳи “Толибон” ба таври расмӣ дар бораи бекор карлани раводид баёния ё изҳороте нашр накардаанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндаҳои ин гуруҳ видеоҳоеро нашр кардаанд, ки дар он аз боз будани гузаргоҳ суҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки барои рафту омад ҳеч мушкиле нест.
Дар мавриди боз будани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар мақомоти Тоҷикистон то кунун изҳори назар накардаанд.
Коронавирус дар Тоҷикистон. 13868 кас бемор шуда, 104 нафар ҷон бохтаанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт шудани 34 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи гузашта боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст ва бо ин теъдоди қурбониёни COVID-19 ба 104 нафар расид.
Тибқи иттилои расмӣ то 12-уми июл коронавирус ба 13 ҳазору 868 нафар сироят карда, 97 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Вале шубҳаву гумонҳо ба омори Вазорати тандурустӣ ҳамчунон боқист ва бархе мутахассисон мегӯянд, теъдоди воқеии гирифторон ва фавтидагон аз COVID-19 бештар аз оне аст, ки вазорат мегӯяд.