“Маршировка” – Хуҷанд: Ҷалби зиёда аз 200 хонанда барои пешвози 3 дақиқагии Мирзиёев

Русия шумораи парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия тасмим гирифтааст, ки аз 10 июн шумораи парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро афзоиш диҳад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи наздики Asia-Plus дар Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии кишвар, то ҳол Русия аз ин тасмимаш ҷониби Тоҷикисторо расман огоҳ накардааст.  Айни ҳол миёни Душанбеву Маскав ду парвози мунтазам мавҷуд аст, ки якеро ширкати Сомон Эйр ва дигареро ширкати русии ЮТэйр амалӣ мекунанд.

“Маршировка” – Хуҷанд: Ҷалби зиёда аз 200 хонанда барои пешвози 3 дақиқагии Мирзиёев

Садҳо хонандагони мактаб ва донишҷӯёнро дар Суғд, дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд барои пешвози раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба “маршировка” ҷалб кардаанд.

Шавқат Мирзиёев қарор аст рӯзҳои 10-11-уми июн бо як сафари  расмӣ ба Тоҷикистон биояд, ки ба шаҳри Хуҷанд ҳам меравад.

Як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ҳудуди 200 нафар дар майдони фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо ҳамарӯза ба тамрини маросими пешвозгирӣ ё худ “маршировка” ҷалб мешаванд.

Ӯ ҳузури хонандагони мактаб ва донишҷӯёнро таъйид кард, вале аз Раёсати маориф ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ин бора чизе нагуфтанд ва ҷузъиёти барномаҳои фарҳангии қабули меҳмононро низ ифшо накарданд.

Аммо дар донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, барои “маршировка” донишҷӯёни онҳо ҷалб нашудаанд. Онҳо гуфтанд аксари иштирокчиён хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд.

Фото Your.tj

Як манбаъ аз бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бе зикри номаш гуфтааст, ки дар ин “маршировка” донишҷӯёну хонандагони мактаб ва раққосони касбӣ ҷалб шудаанд.

“Дар фурудгоҳ барои қабули Президенти Ӯзбекистон танҳо як барномаи фарҳангӣ нишон медиҳем, ки ҳамагӣ 3 дақиқа давом мекунад. Барои қабул ҳама бо либосӣ миллӣ мебароянд. Донишҷӯён, мактабхонҳо ва тамоми Ансанбли касбии рақсии вилоят барои пешвоз омодагӣ дида истодаанд”, – гуфтааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози “Маршировка” дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд барои пешвози Шавқат Мирзиёев аввалин шуда сомонаи “Your.tj” дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар дода буд.

“Ҳар пагоҳирӯзӣ машқҳо то баромадани офтоб давом мекунад. Имрӯз 1-уми июн соати 07:00 сар кардем ва соати 09:00 ҷамъбаст шуд”, – гуфт ин манбаъ.

Дар таркиши як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ 9 нафар захмӣ шуданд

Бар асари сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон 9 нафар ҷароҳат бардоштааст. Мақомот гуфтанд, сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса рӯзи 31-уми май дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сони-С”, воқеъ дар деҳаи Зархез, рух додааст. Ба иттилои манбаъ, аввал дар зарфҳои нигаҳдории маводи сӯзишворӣ таркиш ба амал омада, боис ба сар задани сӯхтор гардидааст. Сабаби таркиши зарфҳои нигаҳдории маводи сӯзишворӣ “корношоям гардидани механизми сарпӯш (клапан)-и ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда” гуфта шудааст.

Дар ин ҳодиса 9 нафар “ҷароҳатҳои миёна ва сабук” бардоштанд. Миқдори хисороти молии ин ҳодиса то ҳол муайян нашудааст ва мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад.

Волидайни хостори бознигарии санаи ба охир расидани соли хониш шудаанд

Чанд соли охир инҷониб дар кишвар ихтилофи назарҳо атрофи мавзӯи оғоз ва анҷоми мавсими таҳсил идома дорад. Назари волидайн, сохторҳои расмӣ ва мутахассисони соҳаи маориф аз ҳам фарқ мекунанд.

Волидон мегӯянд, ки барномаи таҳсил ба анҷом расида, китобҳои дарсӣ ҷамъ карда шудаанд ва дар ин баробар кӯдакон хаста шудаанду ба муаллимон итоат намекунанд. Ғайр аз ин, ба саломатии кӯдакон гармӣ таъсир мерасонад, зеро дар бисёр синфҳо тақрибан 40 кӯдак таҳсил мекунанд. Чанд рӯз қабл, волидон бо хоҳиши бознигарии анҷоми таҳсил ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати маориф гуфтаанд, ки дар масъалаи тамдиди дарсҳо ва соли хониш ҳеҷ гуна тағироте вуҷуд надорад, новобаста аз он, ки дарсҳо моҳи августи соли гузашта оғоз шуда буд, то 14 июн идома хоҳанд ёфт.

Ин ду ҳафтаи иловагӣ, ба гуфтаи намояндагони вазорат, барои истироҳати кӯдакон ва омӯзгорон монеа эҷод намекунад, гузашта аз ин, беҳтар аст, ки хонанда вақтро дар мактаб гузаронад ва дониши худро такмил диҳад, аз он ки дар кӯча мегардад, гуфтаанд дар вазорат.

Зани ҳамроҳи наберааш дар фурудгоҳи Қирғизистон банд монда ба Тоҷикистон баргашт

Шаҳрвандони Тоҷикистон Любов Гордеева ва Маргарита Расулова, ки бо набераи 6-солааш Алиса Норматова аз 25 май ба ин сӯ дар фурудгоҳи Уши Қирғизистон дармонда буданд, ба ватан баргаштанд. Тавре хадамоти матбуотии фурудгоҳи “Манас” хабар додааст, ин ду зан ҳамроҳи кудак рӯзи ҷумъаи гузашта Қирғизистонро тарк кардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон қарор доранд.

Барои берун бурдани онҳо аз шаҳри Уши Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар он кишвар Назирмад Ализода рафтааст. Ин занон рӯзи 25-уми май аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Уш парвоз кардааст, то аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон равад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шудан надоданд. Мақомоти қирғиз рӯзи 21-уми май хабар доданд, ки марз бо Тоҷикистонро бастаанд ва ба шаҳрвандони ин кишвар то ҳалли баҳси марзӣ иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳанд.

Skip to toolbar