Марокаш: Теъдоди қурбониёни зилзила ба 820 кас расид

Мақомоти ин кишвар аз афзоиши шумораи қурбониён дар ҳарос аст, гуфта мешавад дар зери харобаҳо одамон ҳастанд.


Зарардидагони заминларза дар Марокаш

Теъдоди қурбониёни зилзила дар Марокаш ба 820 нафар расида, наздики 700 нафари дигар захм бардоштаанд, хабар медиҳад Euronews бо такя ба иттилои расмии ҳукумати ин кишвар.

Хадамоти Геологии ИМА, шиддати заминларзаи шаби гузаштаро 6,8 дараҷа арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад пасларзаҳои он 4,9-ро ташкил додаанд.

“Ин сахттарин заминларза дар ин минтақа буд”,- гуфтааст, зилзилашиноси марокашӣ, Лахсен Мханни. Ба гуфтаи вай дар ноҳияҳои кӯҳӣ чунин заминларзаҳо хеле кам рух медиҳанд.

Маркази зилзила, дар 70 километрии як минтақаи сераҳолии Маррокаш наздик ба осоишгоҳи маъруфи лижаронии Укаймеден будааст.

Дар наворҳое, ки сокинони ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад дар пайи таккони сахти замин, деворҳои маъруфи сурх дар атрофи шаҳри қадимии Марокаш осеб дидаанд. Ин деворҳо ба феҳрасти ёдгориҳои ҷаҳонии таърихии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Марокаш гуфтааст, зилзила бештар қисматҳои дур аз минтақаҳои аҳолинишини кишварро хароб кардаст, вале ба далели душворгузар будани роҳҳои кӯҳӣ хисороти дақиқи зилзила ҳанӯз пурра маълум нашудааст.