fbpx

Маркази миллии тестӣ: Сабаби кам шудани довталабон қонуни нави хизмат нест

Дар ҳамин ҳол, тибқи таҳлилҳо ҷавонписарон аз 57 фоиз дар соли 2020 ба 53 фоизи шумораи умумии довталабон дар соли 2022 кам шудаанд.


0
МАркази миллии тестии Тоҷикистон

Таҳлиле, ки Маркази миллии тестӣ гузаронидааст, муайян кардааст, ки сабаби кам шудани шумораи довталабон дар солҳои охир тағйири қонуни хизмати ҳарбӣ набудааст. Кӯшиши ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар хориҷа ва муҳоҷират аз омилҳои асосии коҳиши довталабон будааст.

Дар ҳоле ки дар нишасти матбуотии соли гузашта директори марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода сабаби се соли охир коҳиш ёфтани шумораи довталабонро кам шудани хатмкунандагони мактабҳои миёна эълон карда буд.

Тавре дирӯз, 3-юми авгус дар нишасти матбуотии марказ гуфтанд, дар таҳлили пешакӣ 10 ҳазору 793 нафар довталабони дар имтиҳонҳо иштирок дошта пурсида шудаанд.

“Ҳамагӣ ним дарсади пурсидашудагон сабаби дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ иштирок накардани ҳамсинфонашонро ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ баъди хатми донишгоҳ донистанд”,- гуфт Шодиниё Абдулбосит ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ин ҳанӯз таҳлили пешакӣ аст ва он агар амиқтар омӯхта шавад, нишондиҳандаҳо метавонанд зиёд тағйир ёбанд.

“Дар ин ҷо, масалан, таъсири бештар таҳсил дар хориҷа дошт. Ҳамагӣ 7,8 %-и довталабони пурсидашуда ҷавоб доданд, ки сабаби дар ИМД иштирок накардани ҳамсинфони онҳо таҳсил дар хориҷи кишвар аст”,- илова кард масъули Маркази миллии тестӣ.

Ҳамчунин қайд гардид, ки марказ кормандони зиёд надорад ва онҳое, ки барои гузаронидани пурсиш кӯмак карданд, асосан омӯзгороне буданд, ки муваққатан ба ҳайси бақайдгиранда ё вазифаҳои дигар кор мекарданд.

“Мо фикр намекунем, ки дар ин раванд аз ҷониби омӯзгорон манфиатҳои марказ ё манфиатҳои ниҳоди дигаре ба назар гирифта шавад, зеро ҳадафи мо муайян кардани тамоми масъалаҳое, ки бояд дар ин раванд ҳал карда шаванд, мебошад. Аз ин лиҳоз мо дар мавриди натиҷаҳои ин пурсиш шубҳае надорем”,- бовар кунониданд ба шаффофияти пурсиш.

Имсол аз 74 ҳазору 601 хатмкунандаи синфи 11, ки ба Маркази миллии тестӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд, 51 ҳазору 711 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Нафарони донишҷӯшуда шаби 25-уми июл тариқи паёмак огоҳ карда шуданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар соли 2023 танҳо шумораи хатмкунандагони синфи 11 беш аз 107,4 ҳазор нафарро ташкил медод.

Соли гузашта аз 113,2 ҳазор хатмкунанда 82,2 ҳазор нафар тариқи ММТ ҳуҷҷат супорида танҳо 69 ҳазорашон дар имтиҳонҳо иштирок доштанд. Аз ин 59,8 ҳазор нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил шуда буданд.

Your.tj омори 5-солаи хатмкунандагону довталабон ва ба мактабҳои олии кишвар тариқи ММТ дохилшудагонро таҳлил карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend