Марги Ромиш Шералӣ – писари Лоиқ Шералӣ дар Душанбе

Ромиш Шералӣ, фарзанди дуюми шоири шинохта Лоиқ Шералӣ, имрӯз дар синни 54-солагӣ дар Душанбе аз дунё гузашт. Хабари марги ӯро бародараш Диловар Шералӣ тасдиқ намуд.

Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, Ромиш Шералӣ солҳои охир аз бемории дил ранҷ мебурд ва зери назорати табибон қарор дошт.

“Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”,- гуфт Диловар Шералӣ.

Ҷанозаи ӯ фардо баргузор хоҳад шуд, аммо то ҳол макону замони дақиқи он муайян нагардидааст.

Ромиш Шералӣ 3-юми март зодрӯзи худро таҷлил намуда, ба синни 54 расид. Ӯ Мактаби олии театрии ба номи Михаил Шепкин дар Москваро хатм карда, солҳо дар нашриёти “Адиб” фаъолият дошт.

Ба унвони вориси осори падар, Ромиш масъулият дошт бойгонии Лоиқ Шералиро ҳифз ва нашр намояд. Баъд аз марги шоир, ӯ саҳми калон дар омодасозии куллиёти осори Лоиқ ва интишори китобҳояшро дошт.

Skip to toolbar