Марги ноболиғи 16-сола дар як садама дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе як ноболиғи 16-соларо мошин пахш карда, дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса 3-юми апрел, тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Сино рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Lexus” Юсуфзода Юсуф аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Акрамов Ҷ., сокини 16-солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Skip to toolbar