Марги як размикор дар муноқишаи наврасон дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик, ба ҳалокат расида, ду иштирокчии дигари ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки ҳодиса тахминан соати 20:00-и 11 январ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, муноқиша аз нофаҳмиҳои лафзӣ оғоз шуда, дар рафти он яке аз наврасон бо корд ба дили Муҳаммадалӣ зарба задааст.

«Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон дод, ҳатто то расидан ба беморхона фурсат надошт. Корд тақрибан 12 сантиметр ба дилаш даромадааст», – гуфтааст Валиев.

Ба иттилои устоди варзишгар, падари Муҳаммадалӣ пас аз шунидани хабари марги писараш рӯзи 12 январ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Ҷанозаи варзишгар имрӯз, 12 январ, баъд аз намози пешин дар маҳаллаи 10-уми шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, ҷасадаш ба хок супурда шудааст.

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки дар пайи муноқиша ду нафари дигар низ захмӣ шудаанд. Аммо мақомот то ҳол дар бораи боздошти гумонбарон маълумот надодаанд. Мақомоти қудратӣ низ расман изҳорот нашр накарда, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон танҳо гуфтааст, ки қазия баъдтар шарҳ дода мешавад.

Навори ин муноқишаи гурӯҳӣ нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кардааст. Дар видео иштироки дастикам ҳафт наврас дида мешавад, ки дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба замин меафтад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Дар мавриди соли таваллуди ӯ маълумоти гуногун вуҷуд дорад. Дар шиносномаи варзишгар соли таваллудаш 2010 ва дар ҳуҷҷати дигар соли 2007 зикр шудааст. Камол Валиев гуфтааст, ки дар ин маврид маълумоти дақиқ надорад ва хонаводаи варзишгар дар ҳолати равонии сангин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин мавриди ҳалокати ноболиғон дар пайи задухӯрдҳои гурӯҳӣ нест. Моҳи ноябри соли гузашта низ дар Душанбе дар ҷараёни ҷанҷоли наврасон ду нафар куштаву захмӣ шуда буданд. Мақомот он замон сабаби муноқишаро нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ карда буданд.

Skip to toolbar