logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марги як кӯдаки 3-сола дар пайи латукӯб дар Файзобод

Юсуфҷони 3-сола эҳтимолан аз ҷониби модарандараш латукӯб шуда, баъди як рӯз ҳангоми интиқол ба бемористон даргузаштааст.

Your tj

14:0130.12.2025

Марги як кӯдаки 3-сола дар пайи латукӯб дар Файзобод

Дар ноҳияи Файзобод марги мармузи як кӯдаки 3-сола таҳқиқ мешавад. Ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомот модарандари ин тифлро бо гумони латукӯб ва ба марг расондани ӯ боздошт кардаанд.

Як манбаъ дар ҳукумати Файзобод ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳодиса рӯзи 26-уми декабр дар деҳаи Шерамон рух додааст. Юсуфҷони 3-сола эҳтимолан аз ҷониби модарандараш латукӯб шуда, баъди як рӯз ҳангоми интиқол ба бемористон даргузаштааст.

Манбаъ афзудааст, ки гумонбар, зани 31-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, зеро кӯдаки якуниммоҳа дорад, аммо бозпурсии ӯ идома дорад. Назари худи ин зан дар бораи иттиҳом ҳанӯз маълум нест.

Гуфта мешавад, тибқи тафтишоти пешакӣ зан мушкили равонӣ надорад, аммо дар хонавода ҷанҷолҳои пайваста, аз ҷумла бо хушдоманаш вуҷуд доштааст. Мақомот қаблан аз мушкилоти оилавӣ огоҳ буда, як маротиба бо онҳо суҳбат анҷом додаанд.

Мақомот то кунун дар бораи ҷузъиёти расмии ин қазия иттилоъ надодаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Қаблан низ дар Тоҷикистон ҳолатҳои марги кӯдакон дар пайи латукӯб сабт шуда буданд. Аз ҷумла, соли 2022 як сокини Истаравшан барои шиканҷа ва ба марг расондани тифли сесола боздошт шуда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ