Марги чор узви як оилаи тоҷик дар як сӯхтор дар Русия

Дар пайи як сӯхтор дар Русия чор узви як хонаводаи тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургут рух дод ва оилаи муҳоҷирон зодаи ноҳияи Ашт будаанд.

Дар ин фоҷиа Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш ҷон бохтанд.

Бародари Сарвиноз Бойназарова, Шаҳриёр Бекмирзоев рӯзи 11-уми ноябр ба “Азия-плюс” дар ин бора хабар додааст.

Ба иттилои Бекмирзоев, кӯдакони хоҳараш Раҳимов Ёсин 1,6-сола ва  Илҳомзода Фараҳнози 4-сола буданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи фавтидагон рӯзи ҷуъаи 8-уми ноябр ба хок супорида шуданд.

Skip to toolbar