Дар пайи садамаи маргбори рӯзи 29-уми май, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки боиси марги шаш нафар шуд, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти Дониёр Қубонбоев, ронандаи 23-сола автомашинаи “Опел-Комбо” хабар доданд.
Ӯ ҳоло дар бемористон бистарӣ аст, менависад “Азия-Плюс”.
Гуфта мешавад, Қубонбоев зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия ба самти муқобил баромада, ба мошини “Опел-Зафира” таҳти идораи мураббии варзиш Атохон Ҷумахмедови 36-сола бархӯрдааст. Дар дохили мошин шогирдони навраси ӯ қарор доштанд. Баъди бархӯрд, ҳар ду мошин оташ гирифтанд.
Панҷ нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд:
- Атохон Ҷумахмедов – мураббии варзиш
- Муслиҳиддин Мирзошавкатзода – 16-сола
- Муҳаммадхон Асадхонзода – 16-сола
- Ҳадятулло Сулаймонов – 16-сола
- Обидҷон Обидов – 31-сола, мусофири “Опел-Комбо”
Чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд. Пас аз 4 рӯз, Ҳасанҷон Юнусови 16-сола низ, ки 70% ҷисмаш сӯхта будааст, дар беморхона ҷон дод ва рӯзи 3-юми июн дафн карда шуд.
Ҳоло Иқболҷон Юнусов дар шифохона бистарист ва тибқи гуфтаи табибон, вазъи саломатиаш вазнин аст. 58-60% ҷисми ӯ сӯхтааст. Салмоншоҳ Сарварзода, боз як варзишгари 16-солае, ки пояш шикастааст, баъди як муддати муолиҷа ба хона рухсат шудааст.
Мақомоти ВКД алайҳи ронанда Дониёр Қубонбоев бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати рош ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки ба марги ду ё зиёда нафар сабаб шудааст (қисми 3, моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон), парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин модда ҷазои аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ҳарчанд қарор дар бораи боздошти ронанда қабул шудааст, бинобар вазъи саломатиаш, ӯ дар бемористон таҳти назорати кормандони милитсия нигоҳ дошта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1233 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар натиҷаи он 552 нафар ҷон бохта ва 1353 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.