Дар натиҷаи садамаи маргбор, ки рӯзи 28-уми июн дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, дар наздикии деҳаи Хамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод, 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафар захмӣ шудаанд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Бар асари бархӯрди се мошин, ки ронандагони онҳо сокинони Мастчоҳ, шаҳри Хуҷанд ва як шаҳрванди Узбекистон буданд, ду ноболиғи узбекистонӣ ва панҷ нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, аз се нафари захмбардоштагон, яке шаҳрванди Узбекистон ва ду тани дигар сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд. Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.
Мақомот то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин садамаи маргбор дар вилояти Суғд дар як моҳи охир аст. Рӯзи 29-уми май дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 нафар бар асари садама ҷони худро аз даст дода буданд.