Дар роҳҳои Тоҷикистон давоми ду рӯзи гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расидааст, ки чор нафари онҳо ноболиғони аз 2 то 14-сола мебошанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
5-уми апрел Спитамен Раҳимии 20-сола ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар километри 19-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар қисмати чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Юсуф Ғафурови 19-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамон рӯз Тоирҷон Усмонови 32-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Р.Ҳоҷаеви шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абудовуд Абдуллоеви 14-сола, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бегоҳи 5-уми апрел, тахминан соати 18:30 Уматкул Кӯчизодаи 29-сола ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Аскобуддин Саидбурҳонови 7-солаи сокини ноҳияи мазкурро паҳш намудааст.
Дар натиҷа, наврас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 5-уми апрел, тахминан соати 22:20, Қурбоналӣ Ашӯрови 42-сола ронандаи автомашинаи тамғаи “NISSAN Elgrand”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Рӯдакӣ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Мирзомиддин Шукурови 57-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрел Раъно Солиҳоваи 39-сола ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Сантафе”, сокини шаҳри Ваҳдат барои аёдати хешовандонаш ба Душанбе омада автомашинаи мазкурро дар нишебӣ гузошта, ба хона даромадааст.
Дар натиҷа, автомашинаи мазкур ногаҳон ба ҳаракат даромада, хурдсол Фарида Ашӯроваи 2-сола, сокини пойтахтро пахш намудааст. Ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Худи ҳамон рӯз соати 14:30 ронандаи серчархаи “Муравей”, Саёҳат Ашурматоваи 24-сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳаракат карда баромадан аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада Изоза Уйғунзодаи 3-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, духтараки хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрел, тахминан соати 13:00, Бадриддин Зиёеви 55-сола, ронандаи воситаи нақлиётии “Электро-скутер”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Чорсуи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи “Электро-скутер” набаромада, ба пушти воситаи нақлиёти тамғаи “Опел Вектра” бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи Бадриддин Зиёев ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ менависад, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.