logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марги 6 тоҷик дар як садама дар Қазоқистон

Дар дохили мусофиркаш ҳангоми садама 10 нафар қарор доштанд ва 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтанд.

Your tj

11:5121.05.2025

Марги 6 тоҷик дар як садама дар Қазоқистон

Номи 6 нафар қурбониёни садамаи маргбор бо иштироки автомобили мусофиркаши Ford Transit ва мошини боркаши DAF дар вилояти Костанайи Қазоқистон расонаӣ шуд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ин маълумотро Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон тасдиқ кардааст.

Аз онҳо Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солеҳови 67-сола, Фаёзиддин Солеҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола ном мебаранд.

Гуфта мешавад, ҳамаи ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон буда, бо мақсади кор ба Русия мерафтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар дохили мусофиркаш ҳангоми садама 11 нафар қарор доштанд ва 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтанд.

Акс: Департаменти полиси вилояти Костанайи Қазоқистон

Департаменти полиси вилояти Костанайи Қазоқистон хабар медиҳад, тибқи қисми 4 моддаи 345 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки боиси марги ду ё зиёда нафар аз беэҳтиётӣ шудааст” тафтишоти пешакӣ оғоз гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 май, ду километр дуртар аз гузаргоҳи сарҳадии марзи Қазоқистон бо Русия, автомобили мусофиркаши Ford Transit бо мошини боркаши DAF бархӯрд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ