fbpx

Марги 5 нафар дар як садама дар Шаҳристон

Тавре ВКД менависад, дар дохили як автомашинаи тамғаи "Опел Зафира" 14 нафар, аз ҷумла 6 ноболиғ қарор доштанд.


1
1 point
Акс аз ВКД

Дар як садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон 5 нафар хешовандон, аз ҷумла як ноболиғи 10-сола ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса 7-уми июл, тахминан соати 15:51 рух додааст, иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, ронандаи “Опел-Зафира”, Ҷамшид Худоёрови 20-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, ба дохили сойи деҳаи Фирдавсии ин ноҳия афтидааст.

“Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Баҳодур Худоёрови 56-сола, Шаҳодат Худоёроваи 54-сола, Муспира Худоёроваи 50-сола ва Шоира Худоёроваи 49-сола, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”,- хабар медиҳад ВКД.

Ронанда ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки 6 нафари онҳо ноболиғанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаридаанд.

“Дар беморхона ноболиғ Эҳрон Худоёрови 10-сола, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст”,- меафзояд Вазорати корҳои дохилӣ.

Таҳқиқот ҳодисаи мазкур идома дорад.

Давоми ду ҳафтаи охир ин аллакай сеюм садама аст, ки боиси марги хешовандон ё аъзоёни як оила мегардад.

Рӯзи 27-уми июн дар канори шаҳри Кӯлоб дар як садамаи нақлиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расиданд, ки чор нафарашон аъзои як оила – модар бо се фарзанди хурдсолаш буданд.

Садамаи фоҷеабори дигар рӯзи 2-юми июл дар қаламрави ноҳияи Айнӣ, дар наздикии деҳаи Шавадки Поён рух дод. Мошини тамғаи “Musso”, ки сокини 32-солаи деҳаи Шавадки Поён идора мекард, ба ҷарии чуқуриаш 450 метр сарозер шуда, дар натиҷа ронанда, ҳамсар ва се фарзанди 2, 5 ва 7-солаи ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend