Марги 4 кас дар як садама дар роҳи Душанбе–Хуҷанд

Дар натиҷаи бархӯрди ду мошини сабукрав дар километри 277-уми роҳи Душанбе–Хуҷанд чор нафар ҷон бохта, ду тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба иттилои ширкати “IRS”, ҳодиса чанд соат пеш рух додааст. Ҷароҳатбардоштагон фавран ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дидан мумкин аст, ки мошинҳо осеби сахт дидаанд.

Ҳанӯз сабаби садама ва шахсияти қурбониёну маҷруҳон эълон нашудааст.

Ин аллакай сеюмин садамаи марговар дар се рӯзи охир дар вилояти Суғд мебошад.

Skip to toolbar