logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марги 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар Оренбург

Се мусофири Toyota дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷавонони солҳои таваллудашон 1999 ва 2006 ҷароҳати вазнин бардоштаанд

Your tj

10:4423.02.2026

Марги 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар Оренбург

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Русия ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданд. Тавре шабакаи телевизионии Русия РЕН-ТВ хабар медиҳад, дар натиҷа чор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Садама дар километри 451-уми шоҳроҳи Р-239 «Қазон-Оренбург-Оқбулоқ дар сарҳад бо Қазоқистон» рух додааст. Ду автомашинаи тамғаи хориҷӣ ба ҳам бархӯрдаанд. Дар мошини тамғаи Toyota панҷ шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштаанд, дар Mazda бошад як сокини маҳаллӣ.

Ронандаи Mazda дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст. Се мусофири Toyota дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷавонони солҳои таваллудашон 1999 ва 2006 ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Онҳо ба таври фаврӣ ба бахши эҳёи беморхонаи байниноҳиявии Абдулино интиқол дода шудаанд.

Табибон дар ҷароҳатбардоштагон осеби косахонаи сару майна, шикастани устухонҳои коси хурд, пойҳо ва дастҳо, инчунин ҳолати шоки осебиро ташхис кардаанд.

Мутахассисон сабабу ҳолати бархӯрдро муайян мекунанд. Тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ