fbpx

Марги 3 нафар дар 3 садамаи нақлиётӣ дар як рӯз

Қурбониёни ин ҳодисаҳо аз 19 то 42-сола ҳастанд.


0
Ҳалокати 4 нафар дар се садама дар Тоҷикистон
Акси марбута аз "Азия-Плюс"

Охири ҳафтаи гузашта дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон се садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

29-уми сентябри тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Раннер”, Муҳаммадлатифи Абдунабии 29-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Авазхон Амирови бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, мусофири “Тойота Раннер”, Иброҳим Холови 42-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- гуфта шудааст дар хабар.

Ҳодисаи дигар соати 12:30 дақиқаи ҳамон рӯз дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён” ба амал омадааст. Ронандаи 32-солаи дучархаи тамғаи “Скутер”, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ Абдулализ Алиҷонзода ҳангоми ҳаракат қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қисми чапи роҳ чаппа шудааст.

“Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,- хабар медиҳад ВКД.

Дар роҳи автомобилгарди “Исфара-Конибодом”, тахминан соати 01:20 дақиқаи рӯзи 29-уми сентябр ҳодисаи дигари нақлиётӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Манаваршо Мухшулови 19-сола, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба дарахтони канори чапи роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Фаррух Кузиеви 19-сола, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- омадааст дар хабар.

Қайд мегардад, ки оид ба ин ҳодисаҳо санҷиш идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend