fbpx

Мардум аз маҳдудият мегӯянд, “Барқи тоҷик” аз таъмир. Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон
Акс аз интернет

Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият (лимит) нигарон ҳастанд. Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.

Аъзои оилаи Шарифа Ғуломова, сокини ноҳияи Шаҳринав (20-километрии Душанбе), хӯроки нисфирӯзиро дар оташдон омода мекунанд. Мегӯянд, азбаски нерӯи барқ нест ва ҳезуми кофӣ надоранд, баъзан барги дарахтҳоро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои омодагӣ ба фасли зимистон бояд таҷҳизоти калони барқӣ аз санҷиш гузаранд ва аз ин рӯ, мумкин аст гоҳ-гоҳ барқ хомӯш шавад.

Ёдгорӣ дар ҷавоб ба суоли он ки чунин вазъ чанд рӯз идома хоҳад кард, посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, “мумкин аст, ягон ҳафта давом кунад.”

37 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 6-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 37 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд.  Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11256 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 83 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10546 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон ба “Ютэйр” иҷозаи парвоз дод

Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии “Ютэйр”-и Русия барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут, иҷозат додаанд.

Дафтари матбуоти Сафорати Русия дар Душанбе шоми 5-уми ноябр хабар дод, ки ширкати ҳавоии “Ютэйр” иҷозати мақомоти Тоҷикистонро барои парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут дарёфт кард ва аввалин парвозро рузи шанбеи 7-уми ноябр анҷом медиҳад.

Ба ин тартиб, қарор аст дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Русия чаҳор парвоз сурат гирад. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав рӯзҳои 7, 14, 21 ва 28 ноябр анҷом хоҳанд шуд. Парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Сургут танҳо баъд аз таҳияи рӯйхати мусофирон сурат мегирад.

Ба таъкиди сафорат, тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия, шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд, наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Боздошти сокини шаҳри Кӯлоб бо 86 килограм маводи мухаддир

Кормандони КДАМ аъзои фаъоли гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб, сокини шаҳри Кӯлоб Ҳоким Исмоиловро боздошт намуданд, ки маводи мухаддирро аз шаҳрванди Афғонистон дастрас намуда буд.

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, рӯзи 6 ноябр соати 02:00 дақиқа, сокини шаҳри Кӯлоб боздошта шуд.

Амалиёти боздошт дар шоҳроҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар шаҳри Кӯлоб, ки наздик ба сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, сурат гирифт.

“Аз ӯ ба миқдори махсусан калон 86 килограм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Аз рӯи нишондод бармеояд, ки ин маводи мухаддирро боздоштшуда аз ҳаммаслаки ҷиноятпешааш шаҳрванди ҶИА Ҳоҷӣ Самеъ валади Ҳоҷӣ Сафеъулло, сокини вилояти Қундуз дастрас карда, қасд доштааст онро бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

КДАМ мегӯяд, нисбат ба ҳолати мазкур бо моддаҳои 195, 200, 289 ва 335 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Нархи орд дар Панҷакент боло рафт

Қиммати орд, умдатарин маводи ниёзи рӯзғор дар бозорҳои шаҳри Панҷакент ба дунболи нархи шакару равған ҳам боло ҷаст

Обид Шарипов, як сокини шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ду рӯз ба ин тараф қимати 50 кило орд дар бозор то ба 250 сомонӣ баланд шудааст.

“То дирӯз як халта орд 225-230 сомонӣ арзиш дошт, вале ҳоло нархро даҳ дарсад боло рафта, қиммати 50 килои онро то ба 250 сомонӣ баробар кардаанд”, –  иброз намуд Шарипов.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо ба думболи болоравии нархи орд, ҳоло равған ҳам дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Панҷакент гарон шудааст.

Панҷ литр равғани пахтаи истеҳсоли ватанӣ ба 140 сомонӣ баланд шудааст, чизе ки, ду се рӯзи пеш ҳамагӣ 120 сомонӣ фурӯхта мешуд, афзуд Шарипов.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend