fbpx

Марде, ки Қуръонро оташ зада буд, боздошт мешавад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Шахсе, ки китоби муқаддаси Қуръонро оташ зада буд

Зане дар бозори Тошканд худро оташ зад

Дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканди рӯзи 2-юми май зане дар дохили бозор ба сару рӯяш бензин пошида худро оташ зад.

Дар Узбекистон зане худро оташ зад
Акс аз Озодӣ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд гуфтанд, ин ҳодиса дар ноҳияи Олмазори Тошканд рух додааст.

“Шаҳрванд Д.К., соли таваллудаш 1981, бо фурӯшандаҳои дигар барои ҷой ҷанҷол кардааст. Бо нишони эътироз вай ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст. Дар натиҷа 35 дарсади баданаш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст”, – хабар медиҳад милитсияи шаҳри Тошканд.

Прокуратураи ноҳияи Олмазори Тошканд таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.

Марде, ки Қуръонро оташ зада буд, боздошт мешавад

Роҳбари ҳизби рости ифротии “Сахтгир” – Расмус Палудан аз ҷониби мақомоти прокуратураи Шведсия ғоибона ба ҳабс гирифта шудааст. Палудан ҳамон нафарест, ки моҳи январи имсол дар назди Сафорати Туркия дар Стокҳолм нусхае аз китоби муқаддаси Қуръонро оташ зада буд.

Шахсе ки китоби Қуръонро оташ зада буд
Дар намоишҳои эътирозӣ мусулмонон парчами Шведсияро оташ зада буданд.

Ин кори ӯ хашми Туркия ва бархе кишварҳои мусалмониро ба миён овард.

Расонаҳои шведи бо такя ба манобеи худ навиштаанд, мақомоти қудратӣ нисбати Расмус Палудан бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва душманӣ тафтишотро оғоз кардааст.

Тавре гуфта мешавад, ӯ ҳоло дар Дания қарор дорад. Дар сурати бозгашт ба кишвараш фавран ба ҳабс гирифта мешавад.

Расмус Палудин даъвати мақомоти Шведсия дар бораи ҳозир шудан ба тафтишотро рад кардааст. Худи Палудан дар сӯҳбат бо нашрияи Aftonbladet гуфтааст, омадан ба Шведсия барои ӯ бехатар нест. Вале ӯ омодааст онлайнӣ дар бозпурсӣ иштирок кунад.

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои истифодаи якҷои манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла об ва поккории наҳрҳои наздимарзиро баррасӣ кардаанд. Дар гузашта ин масъала сабаби даъвову хунрезӣ байни сокинон шудааст.

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Акс аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Мулоқоти ҳайатҳо рӯзи 2-юми май дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ки гуруҳҳои корӣ бо раҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Олимбоев, намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд, фаъолияти гуруҳҳои кориро баррасӣ кардаанд ва натиҷаи кори онҳоро наззарас номидаанд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, самараи кори ду тараф ин будааст, ки нофаҳмиҳо ҳал шуда, ҷонибҳо дар масъалаи истифодаи якҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ ба тафоҳум расидаанд.

Таъйину аломатгузорӣ нашудани қисматҳое аз марзи вилояти Суғд бо вилояти Ботканди Қирғизистон солҳои дароз аст, ки сабаби ҷангу даъво барои замину обу чарогоҳ мешавад.

Дар як шаҳри Русия сокинон бар зидди муҳоҷирони тоҷик норозигӣ карданд

Байни сокинони шаҳри Белоретски Бошқирдистон ва чанде аз муҳоҷирон муноқиша рух дод, хабар медиҳад портали Ufa онлайн.

Шикояти сокинон аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Назди хонаи муҳоҷирон тақрибан 60-70 нафар ҷамъ омадаанд.
Акс аз Ufa онлайн

Ба иттилои манбаъ, муноқиша баъди шикояти духтарони маҳаллӣ аз ҷавонони тоҷикистонӣ барои гаппаронӣ сар задааст. Ба гуфтаи онҳо ин ҷавонон бо автомашинаашон назди онҳо омада, гаппаронӣ кардаанд.

Барои баррасии рафтори муҳоҷирон падари яке аз духтарон назди муҳоҷирон меравад. Вале ӯро дар он ҷо латукӯб мекунанд. Ин кор хеле зуд дар шаҳр овоза шуда, баъди чанде назди хонаи муҳоҷирон тақрибан 60-70 нафар ҷамъ омадаанд.

Барои посбонии муҳоҷирон қариб ҳамаи ҳайати шахсии пулиси Белоретск сафарбар шудааст. Ҷамъомадагон талаб кардаанд, ки муҳоҷирон аз ин хона хориҷ шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Муҳоҷирони тоҷикро ба шуъбаи пулис мебаранд ва зимни бозпурсӣ онҳо мегӯянд, ки ба ҳеҷ касе гаппаронӣ накардаанд.

Айни замон нисбати ду зодаи Тоҷикистон танҳо бо далели авбошӣ – ҷанҷол бо падари духтар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Дар ВКД Бошқирдистон хабар додаанд, ки санҷиш гузаронида истодаанд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои онҳо, ҳеҷ касе аз сокинони шаҳр ба пулис ариза надодааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, муноқиша дар заминаи муносибатҳои бадбинона рух дода, дар ҷараёни расидагӣ ба ҳодиса аз ҷониби иштирокчиёни он ба пулис ариза пешниҳод нашуд, – гуфтаанд дар ВКД. – Кормандони пулис инчунин риояи қонунгузории муҳоҷиратро аз ҷониби муҳоҷирон санҷида, қонуншиканиҳо ошкор нашудааст”.

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа рӯзи 4 май хабар дод, ки аз рӯи ин ҳодиса санҷиш оғоз кардааст. Кормандони консулгарӣ аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзида, гуфтаанд, ки ҳоло маълумотро дақиқ мекунанд.

Сокинони пойтахт метавонанд барои талаби маблағ бо баҳонаи таъмири боғчаҳо шикоят кунанд

Талаби маблағ барои таъмири боғчаро ғайриқонунӣ аст. Ҳар мудири боғча ё мураббии он барои таъмири муассисаи томактабӣ маблағ талаб кунад ва аз ин кор шикоят ворид шавад, чораи лозима меандешад, таъкид кардаанд дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Барои таъмири боғча талаби пул ғайриқонунӣ аст
Акс аз “Азия плюс”

Ин нукта дар пайи шикояти баъзе волидон оид ба талаби маблағ барои таъмири боғча дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр карда шуд.

Асомиддин Бобозода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе талаби маблағ аз ҷониби мудирон ва мураббиёни боғча барои таъмир ва дигар корҳои ободонӣ аз волидайнро ғайриқонунӣ хондааст.

“Ба касе иҷозат дода намешавад, ки барои таъмири боғча аз волидон маблағ талаб намояд. Ин ғайриқонунӣ аст. Дар ҳолати ба таври маҷбурӣ талаб намудани маблағ барои таъмир волидон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд”,- мегӯяд Бобозода.

Дар ҳолати ба амал омадани чунин ҳодиса бо рақамҳои 221 30 92 ва ё WhatsApp: 002204040 шикоят кардан мумкин аст.

“Агар волидон бо хоҳиши худ барои саҳмгузорӣ дар ободонии муассисаҳо маблағ диҳанд, дар ин ҳолат мушкиле нест”,- меафзояд Бобозода.

Масъули Сарраёсати маорифи пойтахт ин суханонро дар посух ба изҳори назари корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук иброз намуд.

Чанде пеш, нафаре аз корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки аз пайвандонаш барои таъмири боғча 50 сомонӣ талаб кардаанд. Ҳамин тавр, ин баҳс доғ шуд ва чандин корбари дигар дар шарҳи ин навишта даъво карданд, ки барои таъмири боғча дар солҳои гуногун маблағ пардохтаанд.

Гуфтан ба марид аст, ки ҳар сол барои таъмиру тармими боғчаҳои давлатӣ аз ҷониби давлат маблағи муайян ҷудо мешавад, вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, то ҳол ҳолатҳои талаби маблағ аз волидон барои таъмири боғча пурра аз байн нарафтааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend