Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:0024.03.2023
Тахминан соати 16:00 – и 23 – юми март, дар қаламрави деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант автомашинаи тамғаи “Мерсесдес Бенс” зери идораи шаҳрванди 27 – сола бо сабабҳои номаълум ба канал (наҳр) – и ба номи Сталин сарозер рафта, ғарқ шуд.
Гурӯҳи навбатдорони наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти махсус мусофирзанро аз мошини пачақшуда берун оварданд. Ӯро ба беморхонаи ноҳия интиқол доданд. Ҷустуҷӯи ронанда идома дорад.
Дар ҷараёни амалиёти чандинсоата наҷотдиҳандагони Кумита бо ёрии таҷҳизот ва техникаи махсус мошинро аз об берун кашида, ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурданд.
Марде, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе як ҷавонзанро лату кӯб карда, маҷбуран ба автомашина савор менамуд, дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Шахсияти ин нафар муайян гардида, аз ӯ Наимҷон Дадабоев ном мебаранд. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Навори латукӯб ва иҷборан ба мошин савор кардани зан рӯзи 22 – юми март дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост карданд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.
Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 22-юми март рух додааст. Наимҷон Дадабоев дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
“Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон номбурдаро зери лату кӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст”,- омадааст дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе айни замон гумонбаршаванда Наимҷон Дадабоев дар ҷустуҷӯ қарор дошта, оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша ва латукӯби ҳамсар дар хиёбонҳои шаҳр ҳодисаи нав нест. Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо борҳо рух додааст.
Дар ҷашни Наврӯзи шаҳри Кӯлоб, ки ба таври густурда таҷлил гардид, қариб тамоми аҳолии шаҳр ва навоҳии атрофи он ширкат доштанд.
Дастаҳои ҳаваскорони бадеӣ бо шеъру суруд ва рақсу бозӣ хотири иштирокчиёнро шод карданд.
Дар озмуни вижаи «Маликаи Наврӯз» иштирокчиён аз рӯи ҳунари ошпазӣ, ороиши дастархони идона, муаррифии беҳтарин анъанаҳои мардумӣ рақобат карданд.
Ҳамчунин, бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ аз ҷониби ҳукумати Кӯлоб ва соҳибкорони шаҳр тӯйи арӯсии 35 ҷуфти ҷавон ва хатнасур 150 писарбача аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
Дар шаҳр, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоти қаннодӣ барпо гардид.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
8 часов назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад