Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:3610.07.2023
Рустам Саидаҳмадзода, собиқ судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи апрели имсол дар асоси чор банди Кодекси ҷиноятӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо қарори Суди олӣ аз ин ҳукм 1,5 солаш кам карда шудааст.
Ба иттилои манбаи “Радиои Озодӣ”, зинаи кассатсионӣ охири ҳафтаи гузашта ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро тағйир дод.
Ҳоло маълум нест, ки Рустам Саидаҳамадзода боз шикоят мекунад ё не. Ин судяи пешин моҳи апрел дар сухани охиринаш иттиҳомҳоро рад карда, талаб намуда буд, ки ӯро озод кунанд.
Агарчӣ Рустам Саидаҳмадзода моҳи апрел ба зиндон маҳкум шуда буд, вале Суди олӣ ва ҳам пайвандонаш ҳукми ӯро то ин дам махфӣ нигоҳ медоштанд.
Судяи пешини Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам мекунанд. Аммо Саидаҳмадзода дар сухани охиринаш ҳама иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ хонда буд.
Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан барои содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода аз ҳодисаи қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар ин шаҳр хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, марди 52-солаи сокини шаҳри Турсунзода рӯзи 7-уми июл, тақрибан соати 09:30 дақиқа ба бадани ҳамсари 44-солааш чанд маротиба корд зада, баъдан қасди худкушӣ кардааст.
Ҳодиса дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ ҷавони 24-сола бо ариза дар бораи ин ҳодиса хабар дода гуфтааст, ки падараш модарашро куштааст. Гуфта мешавад муноқиша дар дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон ба амал омада, мард аз рӯи ғазаб бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба бадани ҳамсараш задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- хабар медиҳад ВКД.
Гумонбаршаванда баъди ин ҳодиса қасди худкушӣ карда, бо корд якчанд маротиба ба бадани худ задааст. Ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рӯзҳои 14-15-уми июл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шамоли бошиддат (бо суръати 13-18 м/с) вазида, гарду чанг ва хокбориш дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинодан ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) интизор меравад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад:
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.
8-уми июл бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Тоҷикистон ду нафар ҷони худро аз даст дод. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Садамаи аввал дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой субҳ, соати 08:50 дақиқа ба амал омад.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нурулло Абдуҷабборзодаи 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ниёзбеки шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, аробачаи маъюбии пиёдагард Нигора Ҳайдарова, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст”,- менависад манбаъ.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳайдарова аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи дигар тахминан соати 16:00-и ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба амал омадааст. Ба гуфтаи манбаъ дар натиҷаи ин садама ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21093” ба ҳалокат расидааст.
“Сино Ғуломшоев, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба чуқурӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Сураҷ Нусратшоеви 23-сола, ва Фарухшозода Фурқати 20-сола сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа бо ҷароҳатҳои бардоштаашон дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
21 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
22 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад