Дар вилояти Суғд марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо қарори Суди вилоят барои ҷинояти куштор ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Шоҳҷаҳон Фаттоев дар куштори ҳамсараш тибқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст.
Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар дод.
Гуфта мешавад, маҳкумшуда бо ҳамсараш Дадабоева Г. чор сол пеш, яъне соли 2019 никоҳ баста, зиндагии якҷоя доштаанд.
Баҳори соли ҷорӣ Дадабоева Г. ними шаб бо марди ношиносе телефонӣ суҳбат мекунад ва аз ин шавҳараш Шоҳҷаҳон Фаттоев хабар ёфта, ӯро ба хонаи волидонаш мебарад ва ҳадафи ҷудо шуданашро баён мекунад.
Пас аз як моҳ, миёни Шоҳҷаҳон Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г., ки аллакай ҷудо аз ҳам мезистанд, муноқиша сар мезанад. Дар натиҷа, Фаттоев бо корди хоҷагӣ чанд марротиба ба тани ҳамсараш мезанад ва ӯро мекушад.
Чанд вақти охир ҳодисаи қасди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар зиёд садо медиҳад.
Охири моҳи август мақомот марде аз ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан ҳамсари собиқашро 10 корд зада буд. Мақомот хабар дода буданд, ки зан дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 12-уми сентябр бошад, ВКД аз боздошти марди 57-солаи сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳамсари худро бегоҳии рӯзи 4-уми сентябр бо корд ба қатл расонидааст.