Дар Тоҷикистон мард ҳангоми мастӣ рафиқашро кушт

Марде дар Панҷакент дӯсти ҳамқадаҳашро куштааст

Марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент рафиқи шаробнӯшашро дар манзили зисташ ба қатл расонидааст, хабар медиҳад, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 9 ба 10-уми июл рух дода, ҳарду ҳам дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд.

“Гумонбаршаванда тахминан соати 00:30 дақиқа ҳангоми дар манзили истиқоматии марди 69-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштанаш, ҳарду бо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шуда, меҳмон бо соҳибхона баҳсу муноқиша карда, сипас се маротиба ба узвҳои баданаш корд задааст”, – менависад ВКД.

Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба тавре ВКД менависад, гумонбаршаванда соли 1993 дар Узбекистон барои содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.

Ҳоло боз нисбати ӯ бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Skip to toolbar