Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:4705.03.2025
Кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони куштори ҳамсари 52-солааш дастгир кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар дод.
Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 2-юми март, тахминан соати 18:20 дар манзили онҳо рух додааст.
Гумонбаршаванда дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш муноқиша намуда, бо бели хоҷагӣ ба узвҳои бадани ӯ якчанд маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД менависад, нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин аллакай хабари дуюми кушта шудани зан аз ҷониби шавҳар аст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 3 март аз дастгир шудани як сокини 41-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони куштори ҳамсари собиқи 32-солааш хабар дода буд.
Гуфта мешавад, ӯ занро 3 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия куштааст.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
3 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
6 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
6 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
7 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
9 дня назад