Марде дар ноҳияи Дӯстӣ тифли сесолаи “ӯгай”-ашро бераҳмона ба қатл расонидааст

Ӯро 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод интизор аст.


Куштори тифли сесола аз ҷониби Субҳонаӣ Эсанов, падарандари ин кӯдак

Намогирифт (скриншот) аз ахбори ВКД

Куштори тифли сесола аз ҷониби Субҳоналӣ Эсанов, падарандари ин кӯдак дар ҷамоати ба номи Лоҳутии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 4-уми январи соли 2023 ба амал омадааст.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст.

Субҳоналӣ Эсанов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ бо худиқрорӣ ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия ҳозир шуда, хабар додааст, ки қаҳру ғазабашро идора карда натавониста, дар заминаи муноқиша ва хусумат бо ҳамсараш, писари ноболиғи ӯгаяш Самир Гадоев, соли таваллудаш 2019-ро ба ҳалокат расонидааст, омадааст дар гузориши ВКД.

Кормандони милитсия ва додситонии ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади дар хун оғӯштаи кӯдаки сесоларо, ки бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуда буд, пайдо намудаанд.

ВКД мегӯяд, Эсанов Субҳоналӣ иқрор кардааст, ки тибқи нақшаи таҳрезикардааш, бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум писари ӯгаяшро ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Боғистон, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ оварда, ба сараш бо чӯб чанд маротиба зада, кӯдакро беҳуш кардааст.

“Баъдан ин марди бадсиришт мебинад, ки ноболиғ Гадоев Самир ҳоло ҳам нафас кашида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо як бераҳмии махсус пойи худро дар қафаси синаи марҳум гузошта бо тамоми қувват зер менамояд, боз бо чӯби дар даст доштааш чанд маротиба ба сару рӯяш мезанад, ки дар натиҷа, ноболиғ дар ҷойи ходиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст”, омадааст дар гузориши ВКД.

Нисбати Субҳоналӣ Эсанов дар Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои ин ҷинояти мудҳиш то 25 соли зиндон ва ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.