Додгоҳи Хатлон Чорӣ Қулиев, сокини ноҳияи Носири Хусравро барои куштори ҳамсараш ба 21 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ҳукм 16 октябри соли 2025 содир шудаааст.
Хабаргузории “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҷузъиёти ҳодисаро дастрас кардааст.
Ба гуфтаи ёвари додситони Хатлон Варқа Зайниддин, ҳодиса рӯзи 20 августи соли гузашта пас аз ҷанҷоли зану шавҳар бар сари хароҷоти тӯйи писарашон рух додааст. Тӯй бояд моҳи декабри соли 2025 баргузор мешуд ва норасоии маблағ боиси муноқиша шудааст.
Гуфта мешавад, баъди ҷанҷол ҳамсари маҳкумшуда Улдона Рӯзиева хоб кардааст. Дар ин ҳолат маҳкумшуда аввал ба пушти сари ӯ бо санг ду зарба зада, сипас ноқилро ба ангуштонаш печонда, ба барқ пайваст кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бар асари зарбаи барқ фавтидааст.
Сипас мард барои пинҳон кардани ҷиноят марги ҳамсарашро ба фишорбаландӣ рабт додааст, аммо тафтишот муайян кардааст, ки “зан бо барқ кушта шудааст”. Чорӣ Қулиев бо иттиҳоми «куштор бо бераҳмии махсус» (моддаи 104, қисми 2, бандҳои «в» ва «е» КҶ) гунаҳкор дониста шудааст.
Назари маҳкумшуда ва наздиконаш дар бораи ҳукм дастрас нест.
