logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марде дар Данғара ҳамсарашро бо 34 зарби корд куштааст

Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда дар заминаи рашк ҳамсарашро ба ҳалокат расонидааст.

Your tj

15:4315.01.2024

Марде дар Данғара ҳамсарашро бо 34 зарби корд куштааст

Марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст, хабар медиҳад ВКД. Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда дар заминаи рашк ҳамсарашро ба ҳалокат расонидааст.

“Санаи 12-уми декабри соли 2024, тахминан соати 08:00, бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст”, - хабар медиҳад ВКД.

Назари гумонбар маълум нест.

Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳафтаи гузашта ВКД ба ин монанд хабареро нашр карда буд, ки мард дар заминаи адоват, ҳамсари собиқи бародарашро бо роҳи буғӣ ба ҳалокат мерасонад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ