таҳдид дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Марде дар Ашт барои тамаъҷӯӣ аз як зан 16 сол зиндон шудааст

Марде дар ноҳияи Ашт бо қарори Суди ин ноҳия барои тамаъҷӯӣ ва таҳдиди беобрӯ кардани як зан ба муҳлати 16 сол равонаи зиндон гаштааст.

Номи марди гунаҳкор ва зани ҷабрдида ба сабабҳои ахлоқӣ ошкор нашудааст.

Ба иттилои масъулони Суд, “марде, ки бо зан ҳамхоба шудааст, чанд акси урёни ӯро гирифта, чанд рӯз баъд таҳдид кардааст, ки агар дигарбора ҳамхоба нашавад, аксҳояшро ё ба шавҳараш мефиристад ё дар Интернет мегузорад”.

Ин ниҳод иттилоъ додааст,  ки мард як дафъа аз зан 500 сомонӣ гирифта ва боз хоҳони ҳамбистарӣ шудааст.

Баъд аз муроҷиати зани ночор ба мақомоти милиса марди, ба гуфтаи Суд, тамаъҷӯ боздошт шуд.

Моҷаро дар моҳи августи соли гузашта рух дод ва мардро моҳи феврали имсол 16 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Назари маҳкумшуда ба иттиҳомот ва ҳукм маълум нест.

Дар Тоҷикистон мавридҳои таҳдид ба занон аз роҳи нашри аксҳои маҳрамона ва тамаъҷӯӣ аз онҳо солҳои охир зиёд шудааст.

Skip to toolbar