logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марде ба куштори зани додараш гумонбар аст

Сокини ноҳияи Б.Ғафуров бар он гумонбар мешавад, ки дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари додараш, муноқиша намуда, ӯро латукӯб кардааст.

Your tj

17:5409.04.2025

Марде ба куштори зани додараш гумонбар аст

Як марди 55-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии ҳамсари бародараш, ки боиси марги ӯ гардид, боздошт шудааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса шаби 16-уми феврал, тақрибан соати 23:30, дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача рух додааст.

Шарифҷон Каримбеков, бар он гумонбар мешавад, ки дар ҳолати мастӣ бо Ҷамъиятхон Ҷӯраева, ҳамсари додараш, муноқиша намуда, ӯро латукӯб кардааст.

Бар асоси баёноти худи Каримбеков, ки тавассути гузориши барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” пахш шуд, ӯ дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, бо даст занро тела додааст. Дар натиҷа, зан афтода, сараш ба замини бетонӣ бархӯрда, баъди як ҳафта дар беморхона мефавтад.

Аммо маълум нест, ки ин иқрори ӯ дар кадом шароит сабт шудааст.

Ба иттилои мақомот, Каримбеков ва бародараш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд ва миёни аҳли хонавода қаблан низ муноқишаҳо, таҳқиру бадгӯйиҳо вуҷуд доштаанд.

Мақомоти милитсия мегӯянд, нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардид) боз шудааст. Ин модда аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Айни ҳол, Каримбеков дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари худи гумонбар, наздикон ва вакили дифои ӯ ба рӯзноманигорон дастрас нашудааст.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар як ҳодисаи дигари шабеҳи хонаводагӣ дар вилояти Хатлон, ду бародар барои латукӯбу таҳдиди куштори ҳамсару духтари бародари сеюмашон боздошт шуданд.

Яке аз дастгиршудагон дар рафти муноқиша як литр оби ҷӯшро гирифта, ба рӯи ҷиянаш мепошад. Духтари 20-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

7 часов назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

7 часов назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

1 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

3 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ