fbpx

Маоши миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шуд. Болоравии нархи маҳсулот низ идома дорад

Танҳо нархи сабзавот дар се моҳи охир 17% боло рафтааст.


0
Акс аз сомонаи Азия плюс

Тибқи ҳисоботи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар семоҳаи аввали соли 2022 музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% боло рафтааст. Аммо нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар рӯз то рӯз гарон мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод ба ҳолати 1 феврали соли 2022, музди миёнаи моҳонаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор дар миқёси ҷумҳурӣ пардохт шудааст – 1619,1 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (1445,3 сомонӣ буд) 173,8 сомонӣ, ё худ 12% зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ҳисоботи ин ниҳод омадааст, ки шумораи коргарон низ дар ин давра 0, 6% афзудааст.
“Дар ин давра шумораи умумии коргарон дар ҷумҳурӣ 1 млн. 229 ҳазору 695 нафарро ташкил медиҳад, ки қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 (1 млн. 215 ҳазору 909 нафар буд) 13 ҳазору 786 нафар ё 0,6 фоиз зиёд буда, шумораи кормандони дар давраи ҳисоботи бақайд гирифта бошад – 643 ҳазору 933 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 (629 ҳазору 804 нафар) 14 ҳазору 129 нафар ё 2,2 фоиз зиёд гардидааст”, – омадааст дар ҳисоботи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Агентӣ меҳнат маълумот медиҳад, музди ҳади ақали меҳнат дар ҷумҳурӣ 400 сомонӣ мебошад.

Тибқи маълумотҳои омории Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 339 ҳазору 686 адад субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31 ҳазору 356 адад корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, 168 ҳазору 90 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 103 ҳазору 581 адад тариқи патент ва 36 ҳазору 659 адад тариқи шаҳодатнома амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар се моҳи охир нархи сабзавот (7,2%, шир 8,3%, мевагӣ 2,1%, маҳсулоти гӯштӣ ва орд 0,1% боло рафтааст.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо, айни ҳол дар бозорҳои Душанбе нархи 1 кг помидор 25 – 30 сомонӣ, 1 кг бодиринг 16 – 18 сомонӣ, нархи 1 кг картошкаи нав 11 – 13 сомонӣ ( куҳна 3,80 сомонӣ), нархи 1 кг қулфинай 40 – 60 сомонӣ, 1 литр шир 7 – 11 сомонӣ мебошад, ки норозигии мардумро ба бор овардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend