“Маошам дигар иҷоза намедиҳад, орд харам”. Ҷаҳиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва нигаронии мардум

Бо сабаби боло рафтани қурби доллар қиммати орд, равған, шакар ва дигар маҳсулоти ғизоии мавриди ниёзи мардум дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба маротиб боло рафт. Ҳоло нархи орди навъи аввал дар Тоҷикистон аз 310 – 350 сомонӣ арзиш дорад, ки чанд рӯз пеш онро бо арзиши 250 – 270 харидан мумкин буд. Аз ҳама зиёд нархи орд дар Бадахшон қиммат шудааст, 350 – 360 сомонӣ.

Муаллифи Your.tj Шаҳноз Ализода ба бозорҳои шаҳри Душанбе рафт то бо нархҳои нави маҳсулоти ниёзи аввал шинос шавад.

Якбора болоравии нархи орд,ки яке аз маҳсулоти асосии мардум маҳсуб меёбад,сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст. Санаи 9‑уми март арзиши 1 доллар дар Тоҷикистон ба 13 сомонӣ баробар шуд, ки боиси қимматшавии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумла орду равған ва шакар гардид.

Арзиши як халтаи 50‑килоии орд дар бозорҳои пойтахт нисбат ба рузи қабл, ки то 270 сомонӣ қиммат дошт, 60‑-70 сомонӣ боло рафта, нархи он аз 310‑то 330 сомониро ташкил менамояд.

Бозори  “Меҳргон”: “Маҳсулотро бо доллар мехарем”

Дар бозори Меҳргон нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар  нисбати рузҳои қаблӣ тағйир ёфта, қиммати онҳо як баробар боло рафтааст. Нархи орд дар ин бозор   аз 310‑то 330 сомониро ташкил менамояд.

Тоҷирони бозор сабаби баланд бардоштани  арзиши ордро ба тағйир ёфтани қурби доллар рабт медиҳанд. Онҳо мегуянд, ки дар бозори хариду фурӯши Қазоқистон нархи маҳсулотро бо доллар ҳисоб мекунанд.

Яке аз фурӯшандаҳои бозори Меҳргон мегӯяд, ки арзон шудани нархи танҳо дар ҳолати паст шудани қурби доллар имкон дорад.

“Рузи 9‑уми март вақте фаҳмидам,ки арзиши 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шудааст, нархи маҳсулоти ғизоии худро тағйир надодам. Ҳол он ки фурӯшандаҳои дигар арзиши молҳояшонро боло бардошта буданд. Он рӯз ҳамаи ордҳои худро бо арзиши 5 сомонию 80 дирам фурӯхтам.

Рӯзи гузашта, вақте ба фирма барои дастрас намудани орд рафтам, аллакай нархи як кило орд ба 6 – 6, 5 сомонӣ баробар шуда буд. Ҳайрон шуда аз онҳо сабабро пурсон шудам, дар ҷавоб гуфтанд сабабаш болоравии қурби доллар, чунки гандумро аз Қазоқистон бо сомонӣ неву бо доллар мехаридаанд”, ‑ мегӯяд фурушандаи бозор.

Дар бозори Меҳргон на фақат нархи орд гарон шудааст, ҳамчунин нархи маҳсулотҳои дигар низ нисбат ба ду рӯзи қабл тағйир ёфтаанд. Дар бозори мазкур қиммати гушт аз 65 то 78 сомонӣ, панҷ литр равғани навъи “Олейна” 130 сомонӣ, як кг шакар 13 сомонӣ( чанд рӯз пеш 9 сомонӣ буд), картошка 5 сомонӣ, пиёз аз 3,30 то 4 сомонӣ, сабзӣ 3,30 сомонӣ, тухм 1 сомонӣ ва як литр шир ба 7 сомонӣ баробар мебошад.

Бозори “Сафариён

Дар бозори Сафариён машҳур ба Автовокзал нархи молу маҳсулоти ғизоӣ нисбат ба бозори Меҳргон тафовут дорад. Дар бозори мазкур нархи орди навъи аввал аз 300 то 320 сомонӣ мебошад, ки то ду рузи пеш нархи он  250‑-260 сомониро ташкил менамуд.

Усмон як фурӯшандаи бозори мазкур, ки солҳост ба ордфурушӣ машғул аст, низ гуфт, ки ордро бо сабаби болоравии қурби доллар қиммат кардаан. Ӯ мегӯяд, ки агар қурби доллар ҳамин тавр боло рафтан гирад нархи орд низ боло меравад.

“Имрӯз нарх чунин  аст ман гуфта наметавонам, ки пагоҳ нарху наво боз баланд мешавад ва ё паст мешавад. Мо маҳсулотро аз фирма дастрас мекунем. Дар онҷо нарх мисли пешина нест, қиммат кардагианд ва сабабашро болоравии қурби доллар мегӯянд.

Вақте маҳсулотро қиммат мехарем хуб маҷбурем, ки нархро боло бардорем. Дар ин ҷо айби мо нест, мардум фикр мекунанд, ки мо худамон нархҳоро боло бардоштаем, аммо ин гуна нест агар маҳсулотро аз фирма қиммат дастрас намоем вобаста ба он нархро муайян мекунем”, ‑ мегуяд ӯ.

“Акнун наметавонам як халтаи 50‑килоии ордро бихарам”

Сокинон низ аз буҳрони бавуҷудомада нигарон ҳастанд, онҳо боварӣ доранд, ки дар зудтарин фурсат нархи маҳсулот дубора паст хоҳад шуд. Иддае аз мардум аллакай ба захира намудани орд пардохтаанд ва чуноне мо мушоҳида кардем, сокинони шаҳр ду‑се халтагӣ орд харида истодаанд, чунки дар воҳимаанду мегӯяд, ки орд боз ҳам қимматар мешавад.

Аммо қисмати дигари сокинон, ки бо маоши ночиз рӯзгори худро мечархонанд, мегӯянд дигар қувваашон барои харидорӣ намудани як халта орд намерасад.

Яке аз сокини пойтахт, ки омӯзгор будааст, дар суҳбат бо хабарнигори мо иброз намуд, ки дигар маошаш барои пешбурди зиндагӣ намерасад. Вобаста ба тағйир ёфтани нарх тақсимбандии маоши ӯ низ тағйир ёфтааст.

“Акнун наметавонам як халтаи 50‑-килоии ордро харидорӣ намоям, ба хотири ҳамин ҳам ду халта орди даҳкилоӣ, ки ҳар кадоми он 65 сомонӣ арзиш доранд харидам. Хуб чӣ кор кунам агар халтаи ордро 320 бихарам пули маошам ба дигар хароҷотҳои зиндагиам намерасад. Аз ин ба баъд маҷбурем аз хурдани мева даст бикашем ва танҳо маҳсулоти аввалияи ғизоиро бихарем”, ‑ мегӯяд ӯ.

“Ҷанги байни Русия ва Украина ва баландшавии қурби доллар боиси қимматӣ шуд”

Дар бозори мазкур низ тағйирёбии нархҳо дар дигар маҳсулотҳои ғизоӣ аз қабили равған,шакар,картошка,пиёз,сабзӣ,шир дида мешавад. Қиммати як кило равған 24- 25 сомониро ташкил менамояд.

Ҷамол ном як фурӯшандаи бозор, ки солҳои зиёд мешавад, дӯкони равғанфурушии худро дорад, мегӯяд, ки бо шурӯъ шудани ҷанги Русияву Украина аз фирмаҳо дигар равған ворид нашуда истодааст.

“Пеш аз ҳама таъсири ҷанги байни Русия ва Украина ба бозори воридотии мо зарба расонид. Маҳсулоти худро аз бозори Фаровон дастрас менамоям, ки дар онҷо низ арзиши равған қиммат аст ва сабабашро чунин гуфтанд,ки дигар аз фирмаҳои хориҷӣ воридот нест. Мардум фикр мекунанд,ки баландшавии нархҳо ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон рабт дорад, аммо ин фикр ғалат аст”, ‑ мегӯяд ӯ.

Қиммати орд дар бозорҳои минтақаҳои Тоҷикистон

Аз рӯйи гуфтаи сокинон нархи як халтаи 50 – килоии орди навъи якум дар шаҳри Хуҷанд 330 сомонӣ, Панҷакент 330 ‑ 335 сомонӣ, Бохтар 330 -340 сомонӣ, Кӯлоб 330‑-340 ва дар вилояти Бадахшон 350 – 360 сомониро ташкил менамояд.

Skip to toolbar