Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:4019.06.2025
600 шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Вобаста ба соатҳои корӣ ва хусусияти кори иҷрошаванда моҳона аз 1500 то 4000 доллари ИМА маош пешниҳод карда мешавад.
Дар ин бора Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ҳастанд.
Кор дар Кореяи Ҷанубӣ тибқи барномаи E-9 (Employment Permit System) — низоми расмии ҷалби коргарони хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
Довталабон бояд худро дар Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар назди Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабтином кунанд.
Хоҳишмандон бояд қабл аз бақайдгирӣ мусоҳибаи забонӣ супоранд.
Баъдан, довталабон аз санҷишҳои касбӣ, мусоҳиба ва имтиҳони “EPS-TOPIK” мегузаранд.
Хароҷот барои сафар ба Корея ба зиммаи худи коргар аст. Аммо баъд аз расидан ба Корея, тамоми хароҷот, аз ҷумла манзил ва хӯрокро корфармои кореягӣ мепардозад.
Бино ба иттилои Агентӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, 27 нафар довталаб имтиҳонҳоро бомуваффақият супоридаанд ва рӯзҳои наздик ба ин кишвар мераванд.
“Аз 27 то 29 май дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо HRDK EPS Center, имтиҳонҳои касбӣ, мусоҳиба ва санҷиши EPS TOPIK гузаронида шуданд. Натиҷаҳо 13 июн эълон гардиданд. Аз 31 иштирокчӣ 27 нафар муваффақ шуданд”,- хабар дод Агентӣ.
Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ 31 октябри соли гузашта ба имзо расид.
Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки амалӣ шудани ин созишнома сатҳи бекориро коҳиш медиҳад ва бозори нави меҳнатиро барои муҳоҷирони тоҷик мекушояд.
То имрӯз чанд гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кардаанд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
3 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
10 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
10 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
11 дня назад