fbpx

Манзилҳо дар зери лой. Осебдидагони сел дар шаҳри Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Бар асари сел дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои зиёде осеби ҷиддӣ дидаанд.


0

Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода оилаҳои бесерпаноҳмондаро бо хаймаҳои муваққатӣ таъмин кардааст. Оилаҳое, ки хонаҳояшон дар натиҷаи сел қисман зарар дидааст ба тозаву барқарор кардани манзилҳояшон машғуланд.

Боронҳои шадид ва селхезиҳои рӯзи 11-уми май дар ҳудуди вилояти Хатлон хонаҳои зиёди сокинонро вайрон ва 9 нафарро қурбон кард. Бар асари сел дар шаҳри  Кӯлоб 3 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо манзили истиқоматии сокинон вайрону валангор гаштааст.

Хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкори Your.tj Аминҷон Раҳматзода ба маҳали осебдидагони Кӯлоб рафт.

“Кӯрпачае надорем, ки дар он хоб кунем”

Мо бо дигар ҳамроҳонамон баробари дидани ин манзараи даҳшатнок дар таҳлука афтодем, зеро то ба он ҷо рафтан, гумон доштем, ки сели хурдакаки баҳорист. Гӯё ба мисли филмҳои амрикоӣ ба қаъри уқёнусе афтода бошем, ки дар қадим он ҷо шаҳри аҳолинишин буд. Тамоми ашёву лавозимоти мардум зери лой мондаанд, ашёҳоро танҳо аз рӯи қолабашон бо душворӣ фарқ кардан мумкин асту халос.

Тамошои ин манзара моро ба назди ҳавлии валангоршудае овард, ки марди тақрибан 35 – 40 солае бел дар даст лойи пас аз сел мондаро ва нафари дигар ашёҳои камтар зарар дидаро бо лата тоза мекарданд.

“Ҳангоми сел дар хонаам чор автомобили сабукрав барои таъмир оварда буданд, сел ба ҳамаи онҳо зарар расонид, дохили мошинҳо пур аз лойанд”, – ба мошинҳои дар ҳавли истода ишора карда гуфт, Умедҷон Комилов, ки дар рафти сел хонааш осеб дидааст.

“Акнун ҳам хонаам харобу валангор, ҳам амонати муштариёнам бе таъмиру пур аз лой”, – илова менамояд ӯ.

Сокинон мегӯянд, ки тамоми ашёҳои хонаашононро сел бурдааст ва аз хонаҳои ҳамсояҳое, ки кам зарар дидаанд, барои худ лисоб гирифтаанд. Ҳамчунин дар хонаҳои онҳо шабро рӯз мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳатто пиёлае надоранд, ки ҷой нӯшанду кӯрпачае надоранд, ки хоб кунанд.

“4 ҳазор доллари пасандоз кардаамро сел бурд”

“Дар ҳавлии ман 4 оила зиндагӣ мекунад. Сел омада тамоми ашёҳои хонаамро бурд, ягон чизро гирифта натавонистам. Ман 4 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ доштам, ки онҳоро барои набераҳоям ҷамъ карда будам, сел ҳамашонро бо худ бурд”, – ашки чашмонашро бо нӯги рӯймолаш тоза карда мегӯяд бибии Манзарамо.

Пиразан пас аз даҳшати баамаломада  ҳоло ҳам  ба худ наомадааст, рӯи сандуқи аз ҷабри сел фарсуда шуда нишаста ба кори дигарон наззора мекунад.

“Сару калобаамро гум кардаам, ягон чизи обод намодааст. Либосҳое, ки дар танам мебинед, аз они ҳамсоя аст”, – мегӯяд ӯ.

 

Мардум ҳангоми сел аввалан тамоми қувваашонро барои наҷоти кӯдакон сарф карданд. “Дар сарам тамоман фикри наҷоти худам набуд, бо душворӣ ду фарзандамро аз даруни об кашида болои боми хонаам гузоштам. Қариб буд сел худамро гирифта барад. Базӯр худамро ба ҷои амн расонидам. Вале ногоҳ дидам, ки зери об одамест, зуд худамро партофта, ӯро кашида баровардам, писари ҳамсояам будааст. Дастонамро зери гарданаш бурдам зинда буд, Аммо афсӯс, ки баъдан хабари вафоташ омад”, – мегӯяд,  Дилшод Шералиев сокини кӯчаи Хати роҳ.

Ягона сарпаноҳам ба хок яксон шуд

Тамоми хонаҳоро аз назар гузаронидемм, баъзеашон холӣ буданд. Дар яке аз манзилҳо зани миёнасоле рӯи ҳавлиаш ашёи аз пешаш баромадаро бардошта аз назар мегузаронду, сарашро бо маънои афсӯс ҷунбонида боз дар ҷояш мегузошт.

“Авҳолам ҳамин бачам, намедонам аз чӣ оғоз кунам”, – ба ман рӯй оварда гуфт зан.

“Ягона сарпаноҳам ба хок яксон шуд. Ду духтарам аз шавҳарҳояшон ҷудо шудаанду ҳамроҳи фарзандонашон бо ман зиндагӣ мекунанд. Ба наздикӣ барои хонадор кардани писарам аз бонк 11 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам, боз ду ҳазор аз ҳисоби нафақаам пасандоз карда будам. Як танга намонда зери об рафтанд”, – оҳи сарде кашида нақл кард, Илолбӣ Бобоева.

Мақомот то ҳол танҳо андозаи зарари расонидашударо ҳисоб мекунанд, ҳоло маълум, ки танҳо дар Кӯлоб даҳҳо хона вайрон шудаанд, боғҳо ва киштзорҳо зери лой мондаанд ва дар бисёр хоҷагиҳо чорвои хонагӣ нобуд шудааст. Тибқи ҳисоби пешакӣ танҳо дар шаҳри Кӯлоб нӯҳ кӯча осеб дидааст.

Сокинони зарардида  умед доранд, ки давлат барои онҳо хонаҳои нав месозад. Ҳар бегоҳ барои сокинони осебдида аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хӯрок мебаранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ идома доранд, аммо бинобар лойиши шадид будан, ёфтани ҷасади қурбониён ниҳоят мушкил аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend