fbpx

Манъи вуруди мошинҳои мусофирбару боркаш аз Суғд ба Душанбе


1
1 point

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо низ наметавонанд вориди Душанбе гарданд.

Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намид.

Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, №19 ва хатсайрҳои автобусии №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.

Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend