logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Манъи мусофиркашонӣ дар Русия бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон

Ин талаботи қонунгузории Русия аз 1 апрели имсол ҷорӣ шуд.

Your tj

15:0803.04.2025

Манъи мусофиркашонӣ дар Русия бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон

Дар ҳудуди Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон мусофиркашонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ва байналмилалӣ манъ шуд ва хориҷиён ҳуқуқ доранд онро танҳо бо мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.

Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Гуфта мешавад, ин талаботи қонунгузории Русия аз 1 апрели имсол ҷорӣ шуд. Тибқи он барои нафароне, ки то 1 апрели соли 2024 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ё иҷозатномаи зисти муваққатиро (ВНЖ) дарёфт кардаанд, муҳлати иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи русӣ 1 апрели соли 2025 анҷом расид.

“Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад”,- гуфта мешавад дар хабар.

Инчунин, шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) ва шаҳрванди ФР мегиранд, вазифадор карда мешаванд, ки шаҳодатномаҳои ронандагии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия дар муҳлати як сол иваз намоянд.

Таъкид мешавад, шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷ шаҳодатномаи ронандагии кишвари дигарро соҳиб гардидаанд, баъди ворид шудан ба Федератсияи Россия бо гузашти як сол шаҳодатномаи ронандагии онҳо низ аз эътибор соқит мегардад.

Агар шаҳрванд ҳуҷҷати ронандагии кишвари хориҷиро истифода намояд, тибқи модаи 12.7 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Шаҳодатномаи ронандагиро чӣ тавр иваз кардан мумкин аст?

Намояндагӣ менависад, шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ аз рӯи категорияҳои “М”, “А”, “B”, “А1”, “B1”-ро пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз кардан мумкин аст.

Барои ивази шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ аз рӯи категорияҳои “С”, “D”, “СЕ”, “DЕ” бошад, таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ талаб карда мешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ рақамҳои зеринро пешниҳод кардааст: +7(495) 967-98-44 ; +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp)

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

3 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

6 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

6 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

7 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ