Рассоми ҷавон Нора Петросян ба воситаи Микки Маус, аниқтараш расмҳое, ки дар дафтарчаи эскизии модараш буд ва ба духтарчаи сесола таъсири амиқ гузоштанд, ба расмкашӣ оғоз кард.
Он замон Нора назди худ ҳадаф гузошт, расм кашиданро ба дараҷае омӯзад, ки корҳои ӯ ҳам мисли ҳамон расмҳо дар хотири одамон бимонанд ва ба дилҳояшон таъсир расонанд.
Буллинг аз ҷониби атрофиён, ки машғул шудани духтарро ба санъат қабул надоштанд, ӯро сахт рӯҳафтода кард.
Бо вуҷуди ин, Нора дар ниҳоят худ ва кори дӯстдоштаашро интихоб кард ва дигар ба суханони бадхоҳон аҳамият надод.
Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj ӯ дар бораи рушди худ ҳамчун рассом, корҳояш дар услуби сюрреализм ва ҳамчунин дастгирии эҷодкороне, ки нав роҳи худро дар санъат оғоз менамоянд, нақл кард.

“Омӯзгоронам мехостанд маро ба нафари монанд ба худашон табдил диҳанд”
Нора дар шаҳри Норак ба дунё омадааст, аммо қариб он ҷо зиндагӣ накарда, бештар танҳо барои дидорбинӣ ба назди бибияш мерафт.
Таҳсилоти олиро ӯ дар Чин, дар донишгоҳи Чэнду (музофоти Сичуан) аз рӯйи ихтисоси “Аниматсия ва кино” гирифтааст.
Ба гуфтаи Нора, дар донишгоҳ ӯ аниматсияи 2D, сохтани кадрҳо, танзим, навиштани сенария ва дар маҷмӯъ тарзи офарида шудани филмро меомӯхт.
Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, дар оғоз ӯ аз таҳсил дар донишгоҳ эҳсоси хушбахтии бузург ва шодии беандоза дошт, аммо дар як марҳила аз он ноумед шуд.

“Фикр мекунам, ҳар касе, ки таҳсили эҷодӣ дорад, бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудааст. Мактаби санъат инсонро аз дарун сахт тағйир медиҳад: омӯзгорон мехоҳанд туро ба шахси монанд ба худашон табдил диҳанд. Барои ман ин хеле душвор буд ва фаҳмидам, ки аниматсия он чизе нест, ки мехоҳам дар оянда ба он машғул шавам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Баъди чанде дар донишгоҳ дарсҳои сенариянависӣ оғоз шуданд ва Нора фавран ба навиштан дил баст.
Духтар пинҳонӣ аз ҳама “барои худ” менавишт, зеро қариб касе ӯро дар ин роҳ дастгирӣ намекард.
“Ба ман мегуфтанд, ки навиштан кори касонест, ки таҷрибаи зиндагӣ ва истеъдод доранд, вале ман ҳеҷ кадомашро надорам, чун ҷавонам. Мегуфтанд, вақтамро беҳуда сарф мекунам, дар ҳоле ки метавонам ба чизе машғул шавам, ки арзишмандтар аст”, – ба ёд меорад ӯ.
“Ман дар расмҳои Микки Маус таъсири амиқ ёфтам ва хостам расмкаширо омӯзам”
Роҳи Нора дар санъат аз синни сесолагӣ оғоз ёфт. Он замон модараш ба ӯ дафтарчаи эскизии худро нишон дод, ки дар он Микки Маусҳо тасвир шуда буданд.
Расмҳо он қадар зебо буданд, ки ба Нора чунин менамуд, гӯё қаҳрамонҳо ҳамин ҳоло зинда мешаванд.
“Ҳамон вақт бори аввал ба худ гуфтам, ки вақте калон мешавам, мехоҳам тавонам расм кашам, то корҳои ман низ чунин таъсире дошта бошанд, мисле ки он Микки Маусҳо ба ман доштанд”, – нақл мекунад рассом.

Аз ҳамон лаҳза Нора ҳамеша расм мекашид, ба рақс машғул мешуд, гулдӯзӣ мекард, аз гил шаклҳо месохт. Модар, ки муҳаббати духтарашро ба санъат дид, ӯро барои омӯзиш назди рассоми миниатюра фиристод, ки Нора ду сол назди ӯ таҳсил кард.
Пас аз он духтар расмкаширо идома дод, гоҳ-гоҳ шуғли худро канор мегузошт, аммо дар ниҳоят боз ҳамеша ба он бармегашт.
“Фикр мекунам, ба бисёр одамони эҷодкор эҳсосе ошност, ки гоҳе ба ту чунин менамояд, ки корҳои ту баданд, дар онҳо ҳаёт нест, атрофиён ба ту механданд ва мегӯянд, ки ин кор арзише надорад, ин танҳо як ҳаваси хуб аст ва набояд онро ҷиддӣ гирифт. Аз ҳамин сабаб ту кори дӯстдоштаатро тарк мекунӣ.
Дар зиндагии ман танаффусҳои хеле тӯлонӣ, то 2-3 сол буданд, аммо расмкашӣ ба як қисми вуҷудам табдил ёфт: он маро бисёр вақт наҷот медод ва ман дигар худро бидуни он тасаввур карда наметавонистам.

Боз бармегаштам, боз тарк мекардам ва ҳамаи асбобу маводамро ба шиносон, ба дӯстони рассомам медодам, бо фикри он ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ин кор барнамегардам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
“Санъат на фақат зебоӣ, балки маъно, идея ва инъикоси ҳақиқат аст”
Пас аз муддате Нора қарор дод, ки ҳама чизро аз сифр оғоз кунад. Ӯ дигар ба одамоне, ки ба вай бовар надоштанд, аҳамият надод, аз перфексионизми аз ҳад зиёд даст кашид ва ба расмкашӣ дар дафтарчаҳои эскизӣ рӯй овард.
Дар онҳо ӯ пайваста таҷриба мекард, фикру андеша ва иқрорҳои дарунии худро баён менамуд.
Ҳамин ки Нора нисбат ба худ талаботро кам кард ва аз вобастагӣ ба назари дигарон раҳо шуд, ба муваффақиятҳои аввалини эҷодӣ расид.

“Аммо ман то ҳол ба матои рассомӣ наздик намешудам, зеро он вақт фикр мекардам, ки дар он танҳо касбиҳо мекашанд, ман бошам аз он хеле дур ҳастам. Чизеро тасвир мекардам, вале худро рассом номида наметавонистам.
Пас аз чанд сол аз ин эҳсос хаста шудам ва қарор додам, ки аз тарс нисбат ба матои рассомӣ халос шавам. Рангҳои акрилӣ, як матои рассомии хурди 20×20 см харидам, дар он як расм кашидам ва баъд онро пора-пора кардам.
Сипас ҷойҳои даридаро бо риштаҳои сурх дӯхтам ва болояш лейкопластир часпондам.
Ин гуна “шиканҷа”-ро бо чанд матои дигар ҳам анҷом додам ва тарсам аз байн рафт, матоъҳо бошанд калонтар мешуданд. Техникаи ман беҳтар гардид, дарки ман аз санъат тағйир ёфт.
Агар пеш фикр мекардам, ки санъат барои зебоӣ ва комилӣ аст, ҳоло барои ман санъат ҳақиқат, маъно ва идея мебошад.
Муҳим нест, ки ту чӣ гуна расм мекашӣ, техникаат чӣ аст, услуб дорӣ ё не, худомӯзӣ ё таҳсили касбӣ дорӣ. Муҳим он аст, ки бо кори худ чӣ гуфтан мехоҳӣ”, – таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.
“Пинҳонкориро бас кардам, вақте санъатам огоҳона шуд”
Нора ҳамеша ба санъат ҷиддӣ муносибат мекард. Рассом ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки машғулияташ танҳо як ҳавас аст.
Бо вуҷуди ин, вақте баъзе аз атрофиён мефаҳмиданд, ки Нора расм мекашад, духтар ба таъқиб ва масхара дучор мешуд.
Аз ҳамин сабаб ӯ маҷбур мешуд бигӯяд, ки расмкашӣ танҳо як машғулияти одист, ки ҳеҷ гоҳ ба чизи ҷиддӣ табдил намеёбад, ҳарчанд дар дилаш Нора баръакс орзу мекард.

“Ман танҳо соли 2024 ба гуфтани он ки рассом ҳастам, оғоз кардам. Он замоне, ки дарк намудам, ин як қисми ман аст ва новобаста аз он ки чанд бор тарк мекардам, боз ҳам ба расмкашӣ бармегаштам.
Эҳтимол, боз аз он сабаб пинҳон карданро бас кардам, ки санъати ман огоҳона шуд. Дар он маъно, меҳвар ва идея пайдо гашт, он чизе, ки пеш вуҷуд надошт”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Тасвирсозии хобҳо: “инҳо танҳо сюжет нестанд, балки фазоҳои мустақиланд”
Бо ёрии санъат Нора масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоиро матраҳ мекунад, ки ба андешаи духтар, дар бораи онҳо бояд ҳатман сухан гуфт.
Корҳои худро ӯ дар услуби сюрреализм эҷод мекунад. Ин равия дар санъат на ба инъикоси он чи моро дар ҷаҳони беруна иҳота кардааст, балки баръакс, ба бозтоби ҷаҳони дарунӣ тамаркуз мекунад.

Дар расмҳои сюрреалистӣ ва дигар корҳои эҷодӣ ашё метавонанд шаклҳои ғайриодӣ дошта бошанд, на он гуна ки мо одат кардаем онҳоро бинем ва гӯё қонунҳои физика умуман вуҷуд надоранд.
View this post on Instagram
Ин равия, таъкид мекунад Нора, осебҳо ва таҷрибаҳои даруниро ошкор мекунад, ҷаҳони ботиниро меомӯзад ва воқеиятро мешиканад.
Бо ёрии сюрреализм рассом хобҳо, эҳсосот, ҳолатҳо ва хотираҳои худро тасвир мекунад.
“Ман соли 2024 ба сюрреализм расидам, вақте дарки ман аз санъат тағйир ёфт ва мехостам маъно нишон диҳам, аз тарси ҳақиқӣ будан халос шавам.
Барои раҳо шудан аз ин тарс, ба ман лозим буд ҳақиқати рӯҳиамро нишон диҳам. Ман ба офаридани расмҳо аз рӯйи хобҳо ва хотираҳоям оғоз кардам.
Дар аввал метарсидам, ки боз маро масхара мекунанд, аммо бо ҳар як матои нави рассомӣ ин эҳсос аз байн мерафт”, – нақл мекунад ӯ.
View this post on Instagram
Омӯзиш ва таҳқиқи хобҳо дар эҷодиёти рассом ҷойгоҳи махсус дорад. Барои Нора, хобҳо инъикоси он чизеанд, ки дар ҷаҳони беруна рӯй медиҳад. Инҳо танҳо сюжет нестанд, балки фазоҳои мустақиланд, ки дар онҳо воқеият таҳриф мешавад ва маъноҳо бараҳна мегарданд.
Хобҳо ба ӯ имкон медиҳанд дар бораи он чизҳое сухан гӯяд, ки мустақим иброз карданашон душвор аст. Дар бораи нозукии ҳолати инсон, ноустувории дарк ва он ки чӣ гуна хотира худро гаштаву баргашта аз нав менависад.
“Таҷрибаи рассомии ман хусусияти табобатӣ дорад, аммо танҳо ба худмуолиҷа маҳдуд намешавад. Он чизе, ки аз таҷрибаи шахсии худ мегирам, ба пешниҳоди тамошобин табдил меёбад, ба нуқтаи тамосе, ки дар он чизи шахсӣ хусусияти умумӣ касб мекунад”, – мегӯяд Нора.

Яке аз тасвирҳои рақамии худро духтар ба хобе бахшид, ки 13 сол пеш дида буд ва ба гуфтаи қаҳрамони мо, муддати дароз ӯро ором намегузошт.
“Ин хоб гӯё мехост аз дарун берун шавад, вале ман ба он омода набудам. Инак, чанде пеш тавонистам онро дар чунин шакл тасвир кунам”.

Хоби дигаре, ки Нора онро низ “рақамӣ” сабт кардааст, ӯ дар 16-солагӣ дида буд ва танҳо соли 2025 тавонист онро тасвирсозӣ кунад.
“Ин хоб дар бораи он аст, ки агар одамон нигоҳубини Заминро оғоз накунанд, нисбат ба ҳамдигар меҳрубон набошанд, пас бо тамоми ҷаҳон ва ҳамроҳи мо поёни ҳама чиз фаро мерасад”, – нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Аммо як кор ҳаст, ки барои Нора махсусан азиз аст. Соли гузашта духтар ҳамроҳ бо дастаи FINNND дар Nasa Space Apps Challenge иштирок кард. Онҳо як навори видеоиро бо техникаи stop motion-аниматсия таҳия намуданд.
Нора дар офаридани он ҳамчун сенариянавис саҳм гузошт ва ба гуфтаи ӯ, ин таҷрибаи хеле зебо ва арзишманди кори дастаҷамъона буд.
View this post on Instagram
“Илҳом метавонад аз ҳар ҷо пайдо шавад”
Дар эҷодиёташ рассом аксар вақт ба образҳои ҳайвонот, парандагон ва ҳашарот рӯ меорад, ки бисёр вақт дар хобҳояш меоянд ва барои ӯ нақши ҳушдорро иҷро мекунанд. Масалан, дар корҳои ӯ метавон калламушҳо, қурбоққаҳо ва зоғҳоро дид.
“Барои ман илҳом метавонад аз ҳар ҷо пайдо шавад. Ин метавонад хоб бошад, чунон ки қаблан гуфтам, ё ягон ҷумлае, ки ба дилам менишинад, бӯи нонпазӣ, садои борон, хандаи касе ё нигоҳе, ки пасон муддати дароз дар бораи он фикр мекунӣ.
Ман ҳамчунин аз филмҳо, гаштугузор, ва дӯстоне, ки ҳамандешаанд, илҳоми зиёд мегирам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Моҳи декабри соли 2025 Нора ҳамроҳ бо Наим Раҷабӣ ва Заррина Абдуқодирова яке аз ташкилкунандагон ва кураторони намоишгоҳи “Бойгонии ногуфтаҳо” буд, ки бо дастгирии фонди ҷамъиятии “Саломатии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон” баргузор гардид.
Духтар якҷо бо Наим ва Заррина ҳаммуаллифи ролики иҷтимоӣ дар бораи зӯроварӣ низ шуд, ки дар он таъкид мешу: гуноҳ ҳамеша бар дӯши таҷовузгар аст, на бар касе, ки ба хушунат дучор шудааст.
“Дар офаридани ин ролик ман ҳамчун сенариянавис иштирок доштам. Кори инфиродии ман вуҷуд надошт, зеро дар ин намоишгоҳ яке аз ташкилкунандагон будам, кори куратории рассомонро ба уҳда доштам ва мутаассифона, барои офаридани кори шахсӣ вақт наёфтам.
Аммо барои ин намоишгоҳ ҳамчунин баргаҳо омода намуда будам, ки боздидкунандагон метавонистанд онҳоро харидорӣ кунанд”, – нақл мекунад Нора.

“Мехоҳам одамон дарк кунанд, ки санъат то чӣ андоза муҳим аст”
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ҳамеша орзу дошт, дар иҳотаи одамоне бошад, ки мисли ба санъат дилбастаанд, то бо онҳо якҷо чизҳои ҷолиб эҷод кунад ва бо ҳамандешон рушд ёбад.
Аммо азбаски пайваста бо нофаҳмӣ ва масхара рӯ ба рӯ мешуд, ин орзу барояш содалавҳона ва дастнорас менамуд.

“Аммо чанде пеш фаҳмидам, ки ин чиз мумкин аст. Дастаи ҷавонони хушсалиқаеро пайдо кардам, ки орзуву ҳадафҳояшон мисли ман аст.
Мо платформаи «БЕЗСЛОВ» (nowords.platform)-ро таъсис додем, ки дар он ҳамеша ягон чиз эҷод мекунем, наворҳои иҷтимоӣ ва экологӣ месозем, менависем, дар намоишгоҳҳо иштирок мекунем, бо ихтиёриён кор мекунем, дар бораи санъат суҳбат мекунем ва онро меофарем.
Платформаи мо барои он таъсис ёфтааст, ки одамони эҷодкорро муттаҳид кунад, барои офаридани корҳои муштарак ва барои шунида шудан.
Ман орзу мекунам, одамоне, ки ба санъат машғул нестанд, дарк кунанд, ки он то чӣ андоза муҳим аст ва онҳое, ки бо санъат сару кор доранд, бахусус касоне, ки дар оғози роҳанд, наҳаросанд, шарм надоранд ва бидонанд, ки онҳо танҳо нестанд, ҳатто агар онҳоро эътироф накарда бошанд ҳам.
Ҳамаи мо аз ин роҳ мегузарем. Муҳимаш таслим нашудан ва ба сӯи ҳадафи худ рафтан аст”, – таъкид кард рассом.
Сомон Комилов
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо









