fbpx

“Ман дар театр таваллуд шудам”. Ҳунарманди театри “Лӯхтак” дар бораи нозукиҳои касбаш гуфт

Вайсиддин бовар дорад, ки театри лӯхтак таҷриба ва мактаби бузургест, ки ба ҳунарманд имконият медиҳад ҷаҳонбинии худро васеъ кунад ва нақшҳои зинда иҷро кунад.


1
1 point
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии қаҳрамони мақола гирифта шудааст

Вайсиддин Сатторов ҳунарпеша ва режиссёр ҷавони Театри “Лӯхтак” мебошад. Ин театр танҳо ҷойи кор не, балки хонаи дуюми ҳунарманд шудааст.

Ҳунарманди театрҳои лӯхтак будан осон нест, вале Вайсиддин ҳамчун режиссёр бо ҷиддият талошаш мекунад, то намоишҳои театрро бо саҳнаҳои ҷолибу диданӣ рангоранг созад.

Дар мусоҳиба бо Your.tj Вайсиддин дар бораи раванди эҷодӣ ва мушкилоти кори театр нақл кард.

«Ман дар театри лӯхтак таваллуд шудам»

Театри лӯхтак аз замони кӯдакии Вайсиддин дар зиндагиаш нақш дошт. Падари ӯ, Сайфиддин Сатторов, солҳои зиёд ҳамчун рассом-равшанидиҳанда дар ҳамин театр кор мекунад. Вайсиддин қариб дар ҳамаи тамринҳо ва намоишҳо иштрок мекард ва ҳар як саҳнаро ба ёд мегирифт.

«Метавон гуфт, ман дар ҳамин театр таваллуд шудам», – бо лабханд мегӯяд ӯ.

Соли 2009, дар синни 9 солагӣ, Вайсиддин ба студияи кӯдаконаи “Исмоил” дар театри “Лӯхтак” дохил шуд ва аз ҳамин вақт карераи ҳунарманд оғоз ёфт.

Намоиши “Хоначаи заргӯшак”

Дар баробари таҳсил, ҳамаи ҳунармандони ҷавони студия низ дар намоишҳои театр фаъолона иштирок мекарданд.

«Аз 10 нафар, ки якҷо бо ман оғоз карда буданд, ҳоло дар театр танҳо ду нафар кор мекунанд – ман ва Ҷумахон Олимов»,- нақл мекунад ӯ.

Оғози фаъолияташ дар хотироти Вайсиддин эҳсоси гарме боқӣ гузоштаанд, ӯ ҳамроҳ бо ҳамкорон на танҳо дар театр, балки дар кӯдакистонҳо низ намоишҳо баргузор мекарданд, ҳар моҳ 46 сомонӣ стипендия мегирифтанд ва кори дӯст доштааш ба ӯ хурсандӣ меовард.

«Мо то ҳадде ба саҳна ошиқ будем, ки бе он зиндагиро тасаввур намекардем. Ҳафтаеро бе саҳнагузории ягон намоиш сипарӣ карда наметавонистем, буръакси ҳол ба қавле девона мешудем ва интизори саҳнаҳои навбатӣ будем. Ҳар намоиш барои мо хушбахтӣ ва шодмонӣ мебахшид», – мегӯяд ӯ.

Ҳамкори устодони худ

Замоне ки вақти интихоби касб фаро расид, Вайсиддин қарор дод, ки режиссёрӣ дар театрҳои лӯхтакро омӯзад, аммо дар донишгоҳҳои Русия, ки ӯ мехост таҳсил кунад, чунин ихтисос набуд.

«Фақат режиссура ва ҳунарпешаи театрҳои лӯхтак буд. Он вақт роҳбарони театр ба ман гуфтанд, дар Тоҷикистон режиссёрҳои намоишҳои оммавӣ лозиманд, ки дар кӯчаҳо намоиш мегузоранд. Театри лӯхтак, чунон ки маълум аст, маҳз аз кӯча оғоз шудааст ва ба ман пешниҳод карданд, ки ба режиссёрии намоишҳои оммавӣ дохил шавам, чун ин ихтисос ба касби мо наздик аст», – нақл мекунад ӯ.

Аз соли 2017 то 2021 Вайсиддин дар Институти давлатии фарҳанги Челябинск таҳсил кард ва дараҷаи бакалавр дар самти «Режиссёрии намоишҳои театрӣ ва ҷашнҳо»-ро соҳиб шуд.

«Ман бовар дорам, ки шахс бо таҳсилоти режиссёрӣ метавонад ҳунарманд шавад, вале баръакс душвор аст. Чун ман аллакай таҷрибаи зиёди ҳунарпешагӣ доштам, мехостам худро дар режиссура санҷам ва ҳамин буд, ки ихтисоси режиссёриро интихоб кардам», – мегӯяд Вайсиддин.

Ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва дар театри худ маҳорати режиссёрияшро амалӣ кард.

Соли 2022, дар саҳнаи театри “Лӯхтак” намоиши муаллифии Вайсиддин Сатторов бо номи “Тӯҳфаи паланг” баргузор шуд.

Афишаи намоиши “Туҳфаи паланг”

Дар намоиш ҳунармандони собиқадор, ки пештар устодони ӯ буданд, аз ҷумла, Геран Одинаева ва Ҳотам Солимов иштирок карданд. Вайсиддин ба онҳо ҳамчун режиссёр нишон медод, ки чӣ тавр нақшро беҳтар иҷро кунанд ва ба кадом ҷузъҳо диққат диҳанд.

“Ин таҷрибаи ниҳоят ғайриодӣ буд”,- афзуд ҳунарманд.

Намоиши интерактивӣ бо иштироки тамошобинон

Идеяи намоиши “Тӯҳфаи паланг” ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ дар сари Вайсиддин чарх мезад. Сенарияро навишт ва пас аз бозгашт ба Душанбе онро васеъ кард.

Аввал намоиш дар саҳнаи хурди театр гузошта шуд ва пас аз баҳои баланди роҳбарияти театр, онро дар саҳнаи калон гузоштанд.

Ҳоло “Тӯҳфаи паланг” ягона намоиши интерактивӣ дар театри “Лӯхтак” аст.

Дар он на танҳо ҳунармандон, балки тамошобинон низ иштирок мекунанд.

“Сужаи он чунин аст: шере бо номи Франсуа мехоҳад тарабхона кушояд, аммо дӯсташ Луи хӯрокеро, ки барои хӯроксанҷ омода кардааст, мехӯрад. Пас Франсуа аз тамошобинони толор кӯмак мепурсад. Дар рафти намоиш одамон ба ӯ чизҳои гуногун медиҳанд, рақс мекунанд ва ҳаракатҳоро такрор мекунанд. Ба ҳамин тарз, тамошобинон ҷузъи муҳими намоиш мешаванд.

“Театри лӯхтак мактаби ҳақиқӣ аст”

Жанри театри лӯхтак осон нест, таъкид мекунад Вайсиддин. Барои одат кардан ба идораи лӯхтаки нав ба ӯ вақт ва машқи зиёд лозим аст ниёз аст, дар ҳоле ки ҳамкорони ботаҷрибааш онро зуд меомӯзанд.

«Дар донишкада мо идораи лӯхтакҳоро наомӯхтем, барои ҳамин маҳорате, ки имрӯз дорам натиҷаи меҳнати устодони театрии ман мебошад. Агар ман ин маҳоратро дар сатҳи касбӣ дар донишгоҳ меомӯхтам, шояд ин жанрро осонтар меомӯхтам», – мегӯяд ӯ.

Театр барои Вайсиддин мактаби бузург ва таҷрибаи ҳақиқӣ аст, ки ба ҳунарманд имкон медиҳад ба саҳнаи зинда гузарад ва нақшҳои гуногун бозӣ кунад.

Дар ҳоле ки, барои ҳунармандони дигар жанрҳо шояд омӯхтани идораи лӯхтак ниҳоят мушкил мешавад, қайд кард ҳамсуҳбати мо.

“Ман метавонам дар саҳна нақши драмавӣ ё масалан, комедияро иҷро кунам, сипас ба паси саҳна рафта бозгашта, нақши лӯхтакро иҷро кунам.

Ба ҳунармандони театри драмавӣ ё мазҳака шояд ин чанд маротиба мушкилтар бошад”,- зикр кард Вайсиддин.

“Ба мо кормандони техникӣ хеле заруранд”

Дар театр 12 ҳунарманд кор мекунанд ва нисфи онҳо ҷавонанд. Ҷавонон бештар дар намоишҳои сафарӣ иштирок мекунанд, ки иҷро карданаш душвортар аст.

Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ихтисоси ҳунармандии театри лӯхтак вуҷуд надорад ва барои ҳамин ҳунармандони навкор аз ҳамкорони ботаҷриба меомӯзанд.

Ба гуфтаи Вайсиддин театр ба кадрҳои техникӣ, аз ҷумла, режиссёри овоз, равшанидиҳанда ва дигарон лозиманд. Ҳунармандон баъзан ин вазифаҳоро худашон иҷро мекунанд.

«Мо ба мутахассисони воқеӣ ниёз дорем, зеро маҳорати техникиро ба хубӣ надорем. Қариб дар тамоми театрҳои Тоҷикистон равшанидиҳандагон ва ороишгари саҳна намерасанд. Бисёр мехоҳам, ки чунин мутахассисон дар мо зиёд шаванд»,- гуфт Вайсиддин.

“Тамошобини мо – аъзои дастаи мо”

Дар баъзе намоишҳо толор пур мешавад, т о ҳадде курсиҳои иловагӣ лозим мешаванд, мегӯяд қаҳрамони мо.

Бисёри тамошобинонро ҳунармандон шахсан мешиносанд.

“Тамошобинони доимии мо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саволҳои дигар одамон дар бораи нархи чипта ва ғайра маълумот дода метавонанд. Ин барои мо хушҳолӣ меорад. Тамошобинони доимӣ ҷузъи дастаи мо ҳастанд”, – мегӯяд ӯ.

Ғайр аз кори театр, Вайсиддин инчунин таҷрибаи хурди иҷрои нақш дар филмҳои кӯтоҳ ва рекламаро низ дорад.

Ӯ мехоҳад ҳунарманди кино шавад, дубляж кунад, аммо кори театрро низ канор гузоштанӣ нест.

«Театри лӯхтак барои ман дар ҷойи аввал меистад. Ин танҳо ҷойи кор не, ин ба маънои аслиаш хонаи ман аст. Ба хона танҳо барои хоб кардан меравам ва субҳ боз ба театр бармегардам», – гуфт Вайсиддин.

Сомон Комилов

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend