fbpx
0

Ин қаҳрамони мо риштаи кино ва рӯзноманигориро хатм кардааст. Аммо ҳамеша аз ҳаёти варзишгарон мегӯяд, филми ҳуҷҷатӣ месозад ва ба онҳо дар рушди касбиашон ҳамчун менеҷер кӯмак мерасонад.

Баҳриддин Ҷалолов қариб ҳамаи мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехта, ҷудо ва дигар намудҳои варзишро инъикос мекунад ва ҳаёти варзишгаронро дар саҳифаҳои худ нишон медиҳад.

Ӯ дар суҳбат бо Your.tj аз кори худ бо варзишгарон ва нақшаҳояш барои таҳияи филми мустанад дар бораи ҷудои Тоҷикистон қисса кард.

“Мехоҳам миллатам ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад”

Баҳриддин Ҷалолов дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз варзиш ва ҳаёти варзишгарон ва бештар аз намудҳои варзиши муҳорибаҳои омехта ва ҷудо қисса мекунад.

Қаҳрамони мо риштаи режиссура, кино ва телевизиони Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Москваро хатм кардааст. Вале ӯ кор бо варзишгаронро интихоб кард ва беш аз даҳ сол мешавад, ки аз варзиш ва варзишгарон мегӯяд.

“Мақсадам дар ин самт ин аст, ки мехоҳам миллати ман, ватани ман дар ҷаҳон муаррифӣ шавад ва варзишгарони моро ҳама шиносанд. Ин пеш аз ҳама ҳисси ватандустӣ аст”, – мегӯяд Баҳриддин.

Қаҳрамони мо бо номи @bahjalolov дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад ва ӯро дар “Инстаграм” беш аз 134 ҳазор ва дар “Ютуб” зиёда аз 312 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.

Барои чӣ варзиш?

Баҳриддин Ҷалолов қисса кардани ҳаёти варзишгаронро дӯст медорад.

Ба назари ӯ “одам ба он чизе, ки қодир аст, бояд талош кунад. Ва варзишгарон чунинанд. Онҳо ҷисмонӣ ба ҳадди ниҳоии хостаҳои худ ҳаракат мекунанд. Дар октагон кӣ ғолиб мешавад? Ҳамоне, ки характер дорад”.

Ӯ мегӯяд, вақте варзишгар аз ҳашткунҷа ё октагон берун меояд, эҳсосоташро воқеӣ нақл мекунад ва ҳар чизе дар дарунаш ҳаст, онро берун мебарорад.

Баҳриддин Ҷалолов корро аз мусоҳиба бо варзишгарон шуруъ кард ва ҳамин тавр сол аз сол кораш васеътар шуд.

“Ман корамро бо Солеҳ Ҳасанов шуруъ кардам ва ин тақрибан солҳои 2014-2015 буда ва оғози ман мусоҳиба буд. Ҳамчун менеҷер бо Сарвар Ҳамидов ҳамкориро сар карда будам”, – ба ёд меорад ӯ.

Қаҳрамони мо мегӯяд, мухлиси Бату Хасиков буд. Баҳриддин ба муҳорибаҳояш мерафт, аз он ҷо наворҳо омада мекард ва ба ӯ мефиристод.

“Ӯ корҳоямро дид ва маро даъват кард. Гуфт, биё бо мо кор кун. Чанд муддат бо ширкати онҳо кор кардам. Инчунин бо як ширкати наздик ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов муддати 5-6 сол кор кардам ва баъдан ҳамчун “фрилансер” бо студияҳои гуногун ҳамкорӣ кардам”, – нақл кард Баҳриддин.

“Ман блогер нестам”

Баҳриддин худро блогер намешуморад. Ҳарчанд ба ин назар аст, ки блогерӣ ҳоло яке аз самтҳои ояндадоре ҳаст.

“Ман худро блогер намешуморам. Блогер касе ҳаст, ки телефон гирифт, сабт кард ва аудиторияи худашро пайдо кард. Ӯро тамошо карданд, шинохтанд, бовар карданд. Ҳоло дар асри 21 блогерӣ яке аз шуғлҳое ҳаст, ки аз пушти худ одамонро мебард. Ин метавонад ба фоида ва ё бар зарари ҷомеа бошад”, – мегӯяд ӯ.

Ҷалолов, ки аз ҳаёти варзишгарон филми ҳуҷҷатӣ таҳия мекунад, мегӯяд барои ҷомеа қисса кардан писанд аст.

“Ман нафаре, ки филми ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти варзишгарон таҳия мекунам. Дар натиҷа ту ба он муҳит ворид мешавӣ ва варзишгаронро меомӯзӣ. Ин ҳамаро нишон медиҳӣ”, – гуфт Ҷалолов.

Ин рӯзноманигор илова кард, ки “ба ҷомеа суҳбат ва муколама писанд аст. Хабарҳои хуб аз варзишгарон лозим аст. Варзишгар, ки муҳориба мекунад, шахсияти ӯ дигар аст. Дар даруни ӯ шахси эҷодӣ зиндагӣ мекунад. Мисол мо варзишгаре дорем Шараф Давлатмуродов. Ӯ 4-5 маълумоти олӣ дорад. Хеле одами интелектуалӣ, эҷодӣ”.

Нақшаи таҳияи филми мустанад дар бораи ҷудои Тоҷикистон

Баҳриддин Ҷалолов дар баробари он ки чорабиниҳои варзишии гуногунро ҳамарӯза инъикос мекунад, нақша дорад ба наздикӣ филми ҳуҷҷатиеро дар бораи таърих ва рушди ҷудои Тоҷикистон таҳия кунад.

“Ҳоло бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон як филми бузурги ҳуҷҷатӣ омода карда истодаем. Мехоҳам дар ин филм таърих ва рушди ҷудои ватанамонро нишон диҳам”, – хулоса кард ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend