Оромгоҳи Лучоб дар Душанбе

“Ман баъди ҳама завол меоям боз”. Ёдбуди Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат дар Душанбе

Имрӯз, 20-уми май дар Оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе ёдбуди ду шоири муосири зиндаёди тоҷик – Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат баргузор гардид.

Субҳи барвақт, дар фазои ороми ин мавзеъ, чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанг, дӯстону пайвандон, ҳаводорони шеъри ду шоири тавоно ва устодону шогирдони донишгоҳу мактаб ҷамъ омаданд.

Ҳозирин бар сари қабри гузаштагон гул гузошта, аз ашъори пурмуҳтавои онҳо шеърҳо қироат карданд. Аз зиндагинома ва хотираҳои ибратбахши онон қисса карда, ба ин васила хотираи ин ду шоири миллатро пос доштанд.

Ҷамъомади ёдбуди устодон Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат чун анъана, ҳамасола дар рӯзи таваллуди онҳо, 20-уми май баргузор мегардад. Ба он инчунин Рӯзи шеъри тоҷик унвон додаанд, ки нишонаи эҳтироми хос ба осори ин ду шоири тавоно аст.

Мӯъмин Қаноат

20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омада, 18-уми майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе вафот кард.

Қабри устод Мӯъмин Қаноат

Ӯ соли 1977 барои достонҳои “Суруши Сталинград” ва “Модарнома” ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кардааст. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст.

Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон — исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро ҳамчун маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони “Масъуднома” аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.

Лоиқ Шералӣ

20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, 30-юми июни соли 2000-ум бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшидааст.

Қабри устод Лоиқ Шералӣ

Аввалин гулчини ашъораш “Сари сабз” соли 1966, бо таҳриру раҳнамоӣ ва фотеҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш ба унвонии нашриёти “Ирфон” овардааст: “Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст”.

Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳо рӯи чоп омадаанд, ки машҳуртарини онҳо “Хоки Ватан” (1975), “Резаборон” (1976), “Марди роҳ” (1979), “Офтобборон” (1988), “Дасти дуои модар”, “Фарёди бефарёдрас” (1997, 2003) ва ғ. мебошанд.

Skip to toolbar