Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5011.03.2025
Мактабҳо ва кӯдакистонҳои пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек рӯзҳои 12-13 март дар робита ба сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба реҷаи онлайн мегузаранд. Дар ин бора Kaktus.media хабар дод.
Шаҳрдории пойтахти Қирғизистон хабар додааст, ки дар ҳар як боғчаи кӯдакон гурӯҳи навбатдорӣ фаъолият хоҳад кард.
Дар бораи реҷаи кори донишгоҳҳо маълумот дода нашудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-13 март бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад.
Гуфта мешавад, дар рӯзномаи сафари давлатӣ муҳокимаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дорад.
Дар натиҷаи вохӯрии сарони давлатҳо як қатор санадҳои нав ба имзо мерасанд.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
7 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
7 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад