logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд

Пешниҳоди номгузорӣ кардани мактаб моҳи сентяри соли гузашта аз тарафи  Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Деваштич сурат гирифта буд.

Your tj

10:3718.03.2023

Мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд

Вакилони халқи вилояти Суғд барои номгузорӣ шудани мактаби санъати мусиқии бачагона дар ноҳияи Деваштич ба номи сарояндаи марҳум Дамирбек Олимов, дирӯз, 17-уми март қарор ба тасвиб расониданд.

Дар ин бора, мудири бахши фарҳанги  ноҳияи Деваштич, Зоҳид Ахмедов ба Your. tj итттилоъ дод.

“Қарори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд “Дар бораи номгузорӣ шудани мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов” ба тавсиб  расид”,- гуфт, Ахмедов.

Бояд гуфт, Дамирбек Олимов роҳи худро дар ҷодаи санъат маҳз дар ҳамин мактаб оғоз кардааст. Сипас Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофизро хатм намудааст.

Дамирбек бо Афзалшо Шодиев

Пешниҳоди номгузорӣ кардани мактаб моҳи сентяри соли гузашта аз тарафи  Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Деваштич сурат гирифта буд.

Дамирбек Олимов аз шумори сарояндаҳои маҳбуби эстрадаи тоҷик маҳсуб меёфт. Шоми 5 феврали соли гузашта вай дар синни 33 солагӣ  бар асари садамаи мудҳиш дар роҳи Хуҷанд – Сомғор аз олам даргузашт.

Рухдоди ин ҳодисаи фоҷеаборро РБДА Суғд  ба қайд гирифта, сабаби онро аз меъёр баланд кардани суръати ҳаракати нақлиёт шарҳ дода буданд.

Дамирбек Олимов 20 марти 1989 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Ӯ соҳиби  3 фарзанди хурдсол буд. Ҳоло онҳоро падари Дамирбек - Ботур Олимов зери парастории худ гирифтааст.

Дамирбек бо падар ва фарзандаш

Дамирбек Олимов аз камтарин сарояндагони ҷавони тоҷик буд, ки аллакай ба дараҷаи баланди касбӣ ноил гардид. Устодону  ҳамкасбонаш  ӯро ситораи  санъати тоҷик меномиданд.

Бо гузашти як сол аз ин ҳодисаи фоҷеавӣ, ҳамоно тарафдорони ҳунараш сурудаҳои ӯро гӯш мекунанд. Оҳангҳояш аз қабили “Дунё”, “Бачагӣ”, “Барги хазон”, “Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд” аз пурбинандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд.

Ба қавли бисёриҳо Дамирбек бо он ки овози хубу марғуладор дошт, як инсони хоксору некандеш буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

12 часов назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

13 часов назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

1 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

3 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ