fbpx

Мактабҳои Тоҷикистон ба қариб 4 ҳазор омӯзгор эҳтиёҷ доранд

Вазири маориф гуфт, ҳоло дар мактабҳои кишвар 130 ҳазору 732 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 86 ҳазору 250 нафари онҳо занонанд.


0
Раҳим Саидзода

Бо вуҷуди он ки имсол бештар аз 13 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгориро хатм кардаанд, дар мактабҳои Тоҷикистон ба 3 ҳазору 848 омӯзгор эҳтиёҷ ҳаст.

Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар рӯзи 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ба гуфтаи ӯ, аз ин хатмкардагон 2 ҳазору 700 нафар буҷавӣ ва 700 нафар тибқи квота таҳсил кардаанд. Илова бар ин, беш аз 3 ҳазор донишҷӯи коллеҷҳои омӯзгорӣ низ имсол диплом гирифтаанд. Аммо на ҳамаи онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.

“Онҳо дар асоси дархости шуъбаҳои вазорати маорифи шаҳру ноҳияҳо ба мактабҳо равона мешаванд”,- гуфт Саидзода.

Гуфта шуд, аз 3168 нафар хатмкардае, ки ба мактабҳо роҳхат гирифтаанд, то имрӯз 2251 нафар ба кор ҳозир шудаанд ва 734 нафар бинобар таҳсил ё хизмати ҳарбӣ ба кор ҳозир нашудаанд.

Вазири маориф гуфт, ҳоло дар мактабҳои кишвар 130 ҳазору 732 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 86 ҳазору 250 нафари онҳо занонанд. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2024–2025 дар саросари кишвар 4037 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 2,3 миллион хонанда фаъолият дорад.

Саидзода гуфт, вазорат барои рафъи норасоии кадрӣ “нақшаҳо дорад”, вале дар бораи ҷузъиёти он чизе нагуфт.

Бояд гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи майи имсол дар ноҳияи Данғара ба камбуди 3848 омӯзгор ишора карда буд.

Дар нишасти матбуотии қаблӣ вазорат гуфта буд, ки соҳаи маориф ба 4301 омӯзгори нав эҳтиёҷ дорад ва ин норасоӣ бештар дар шаҳру навоҳии тобеи марказ эҳсос мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend